Беҳбудии ҳудуди 108 ҳазор нафар аз мубталоён ба вируси корона дар Эрон
(last modified Mon, 25 May 2020 15:11:54 GMT )
Май 25, 2020 20:11 Asia/Dushanbe
  • Беҳбудии ҳудуди 108 ҳазор нафар аз мубталоён ба вируси корона дар Эрон

То кунун 107 ҳазору 713 нафар аз мубталоён ба вируси корона дар кишвар беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Киёнуш Ҷаҳонпур раиси маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошти Эрон рӯзи душанбе дар гуфтугӯ бо хабарнигорон дар бораи охирин омори мубталоён ба вируси корона дар Эрон гуфт: дар 24 соати гузашта ду ҳазору 23 бемори ҷадид шиносоӣ шудаанд.

Ҷаҳонпур гуфт: аз байни мубталоёни ҷадид, 338 нафар бистарӣ шуданд ва  1685 нафари дигар дар тамос бо мубталоён буданд, дармони худро дар хона идома медиҳанд.

Вай афзуд: маҷмӯи беморони Ковид-19 дар Эрон ба 137 ҳазору 724 нафар расид.

Раиси маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошти Эрон ҳамчунин аз фавти 34 бемор дар 24 соати гузашта хабар дод.

Теъдоди афроди мубтало ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба ҳудуди 5 миллиону 518 ҳазор нафар расидааст, ки аз ин теъдод дасти кам 347 ҳазор нафар ҷони худро аз даст доданд ва беш аз ду миллиону 312 ҳазор нафар низ беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд.