Май 26, 2020 17:21 Asia/Dushanbe
  • Бозгашти табаддулоти тиҷории Эрон ва Афғонистон ба шароити оддӣ

Раиси утоқи муштараки бозаргонии Эрон ва Афғонистон аз оддӣ шудани раванди содироти Эрон ба Афғонистон хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ирна, Саид Ҳусейн Салимӣ рӯзи сешанбе гуфт: бо густариши вируси корона маҳдудиятҳое аз тарафи кишвари Афғонистон барои воридоти коло ба вуҷуд омад, ки дар ҳоли ҳозир ин маҳдудиятҳо рафъ ва шароити вуруди коло ба ин кишвар оддӣ шудааст."

Салимӣ афзуд: раводид барои ронандагони комюнҳои ҳамли бори эронӣ барои вуруд ба хоки Афғонистон содир мешавад ва мушкиле барои рафту омад вуҷуд надорад.

Раиси утоқи муштараки бозаргонии Эрон ва Афғонистон гуфт: кишвари Афғонистон аз назари содирот барои Эрон, кишваре бисёр пураҳамият маҳсуб мешавад ва дар транзити коло ва ҳамчунин тавсияи равобити  тиҷорӣ бо кишварҳои узви Евразия мавриди таваҷҷӯҳ аст.

Бештари содироти Эрон ба Афғонистонро колоҳои масрафӣ ва маводи ғизоӣ ташкил медиҳад ва ҳаҷми тиҷорати байни ду кишвар солона ҳудуди се миллиард доллар аст.

 

Барчасп