Май 27, 2020 10:38 Asia/Dushanbe
  • Оғоз ба кори ёздаҳумин давраи Маҷлиси Шурои исломии Эрон

Ёздаҳумин давраи Маҷлиси Шурои исломии Эрон бо ҳузури раиси ҷумҳур ва 276 намояндаи мунтахаб субҳи имрӯз чаҳоршанбе дар Теҳрон оғоз ба кор кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, пас аз қарор гирифтани ҳайати раисаи синнӣ дар ҷойгоҳи худ, паёми ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ- раҳбари муаззами инқилоби исломӣ қироат шуд.

Саидризо Тақво- раис, Саидмустафо Оқомирсалим- ноибраис, Руҳуллоҳ Ниҷобат- дабири аввал ва Муҳсин Фатҳи- дабири дувум, ҳайати раисаи синнии маҷлис ҳастанд, ки аз миёни солхурдатарин ва ҷавонтаринҳои маҷлиси ёздаҳум интихоб шудаанд.

Дар идомаи ойини ифтитоҳияи ёздаҳумин давраи Маҷлиси Шурои исломии Эрон, Ҳасани Рӯҳонӣ- раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон суханронӣ кард ва маросими савганди интихобшудагон анҷом шуд.

Ҳайати раисаи доимии ёздаҳумин давраи Маҷлиси Шурои исломии Эрон дар ҷаласаи баъд интихоб мешавад.

Ёздаҳумин давраи интихоботи Маҷлис Шурои исломии Эрон барои таъини 290 намоянда дар 208 ҳавзаи интихобия, бисту якуми феврал бо мушорикати беш аз 24 миллиону 500 ҳазор нафар аз дорои шароит дар саросари Эрон баргузор шуд.

Аз 208 ҳавзаи интихобияи Маҷлиси ёздаҳум, 197 ҳавза дар ҳамон марҳалаи нахусти баргузории интихобот таъини таклиф шудаанд ва фақат интихоби намояндагон дар 11 ҳавза ба марҳалаи дувум кашида шудааст, ки барои ин ҳавзаҳо низ 11 сентябри имсол марҳалаи дувуми интихобот баргузор хоҳад шуд.

 

Барчасп