Интисоби Алии Лориҷонӣ ба мушоварати Раҳбарӣ ва узвият дар Маҷмаи ташхиси маслиҳати низом бо ҳукми Раҳбари муаззами инқилоб
(last modified 2020-05-28T11:23:45+00:00 )
Май 28, 2020 16:23 Asia/Dushanbe
  • Интисоби Алии Лориҷонӣ ба мушоварати Раҳбарӣ ва узвият дар Маҷмаи ташхиси маслиҳати низом бо ҳукми Раҳбари муаззами инқилоб

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо судури ҳукме, Алии Лориҷониро ба мушоварати Раҳбарӣ ва узви Маҷмаи ташхиси маслиҳати низом мансуб кард.

Рӯзи панҷшанбе пойгоҳи иттилоърасонии дафтари мақоми муаззами Раҳбарӣ, дар ҳукми Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ омадааст: 

"Назар ба таҷрибаҳои муфиде, ки ҷаноби олӣ дар даврони мудирият дар бахшҳои гуногун, бавижа дар се давраи раёсати Маҷлиси Шӯрои исломӣ аз он бархӯрдор гаштаед, ҷаноби олиро ба мушоварати Раҳбарӣ ва узвият дар Маҷмаи ташхиси маслиҳати низом мансуб мекунам".

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ афзуданд: Умед аст, ин масъулият дар хидмати ҳадафҳоши волои низом қарор гирад.