Май 31, 2020 10:26 Asia/Dushanbe
  • Иқдоми тозаи Амрико дар таҳрими ҳамкории байналмилалии ҳастаӣ бо Эрон

Иқдоми Амрико дар таҳрими ҳамкории байналмилалии ҳастаӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон, нақзи сареҳи қатъномаи 2231 ва маншури Созмони Милали Муттаҳид аст.

Сайид Аббоси Мусавӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон рӯзи шанбе дар изҳороте бо маҳкум кардани таҳримҳои Амрико тасреҳ кард, ин иқдом, ҳуқуқи зотии Ҷумҳурии Исломии Эронро нодида мегирад ва назми умумии байналмилалиро мухтал мекунад.

Майк Помпео, вазири умури хориҷаи Амрико бомдоди панҷшанбе дар “Твиттер” навишт: “Амрико муофиятҳои таҳримии муртабит бо БарҶом-ро лағв ва ду донишманди ҳастаии Эронро таҳрим мекунад”.

Муофиятҳои ҳастаии Эрон шомили тағйири корбарии реактори оби сангини Арок, табдили маркази ғанисозии Фурду, табодули сӯхт дар реактори нерӯгоҳи Бушеҳр ва реактори таҳқиқотии Теҳрон аст.

Бархе манобе эълом кардаанд, дар шароити феълӣ лағви муофиятҳои ҳастаии Эрон оқилона нест ва агар Кохи Сафед бо таслим шудан дар баробари васвасаҳои Помпео ин даста аз муофиятҳоро дар зарбулаҷали аввали август тамдид накунад, билоиҷбор бояд Русия, Чин ва Иттиҳоди Аврупоро ба ҷиҳати мушорикат дар проектҳое, ки зайли БарҶом қобили таъриф ҳастанд, машмули таҳрим қарор диҳад.

Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико, аммо бо таъкид бар эъмоли «шадидтарин таҳримҳо» алайҳи Эрон дучори ин таваҳҳум шудааст, ки метавонад Эронро барои як тавофуқи ҷадиди атомӣ ба пойи мизи музокира бикашонад.

Лағви муофиятҳо барои ҳамкории ҳастаӣ агарчӣ ҳамчун соири таҳримҳо таъсири қобили эътиное бар раванди фаъолиятҳои сулҳомези ҳастаии Эрон нахоҳад дошт, аммо аз дидгоҳи ҳуқуқи байналмилал ҳаракате дар ҷиҳати беэътибор сохтани тааҳҳудоти байналмилалӣ аст, ки осоир сӯи он мутаваҷҷеҳи манофеи ҷомеаи байналмилал мешавад.

Dieter Kempf, раиси Иттиҳодияи федералии иқтисоди Олмон дар гуфтугӯе бо хабаргузории Олмон, авоқиби аз саргирии таҳримҳои Амрико алайҳи Эронро нигаронкунанда дониста ва мегӯяд: “Иқдоми ахири Амрико метавонад бесуботиро ба ҳамроҳ дошта бошад, чаро, ки муносибот ва муодилоти байналмилалӣ таҳти таъсири ин иқдомот қарор мегирад”.

Вазорати хориҷаи Русия низ ин иқдомро хатарнок ва зарбаи сахти дигаре бар «NPT» хонда ва бо судури баёнияе эълом кард: “Мавҷи ҷадиди таҳримҳои зидди эронӣ эълом шуда аз сӯи Амрико, таҳти фишор қарор додани талошҳои дар ҳоли анҷом аз сӯи кишварҳои ҳозир дар тавофуқи БарҶом аст.

Изҳороти сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон дар воқеъ ишора ба ҳамин нукта дорад. Бар ҳамин асос Ҷумҳурии Исломии Эрон аз наздик осорм фаннӣ ва сиёсим ин иқдомро расад карда ва дар сурте, ки мунҷар ба таъсироти манфӣ бар ҳуқуқи ҳастаии Эрон тибқии асноди байналмилалӣ ва мафоди БарҶом шавад, нисбат ба иттихози гомҳои амалӣ ва ҳуқуқии лозим иқдом хоҳад кард.