Қолибоф: Ҳамлаи террористии ДОИШ ба маҷлис намоде аз хобҳои шуми душманон барои миллати Эрон буд
(last modified 2020-06-07T06:09:57+00:00 )
Июн 07, 2020 11:09 Asia/Dushanbe
  • Қолибоф: Ҳамлаи террористии ДОИШ ба маҷлис намоде аз хобҳои шуми душманон барои миллати Эрон буд

Раиси Маҷлиси Шурои исломии Эрон, ҳамлаи террористии ДОИШ ба маҷлисро намоде аз хобҳои шуми душманон барои миллати Эрон унвон кард.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон, Муҳаммадбоқири Қолибоф- раиси Маҷлиси Шурои исломии Эрон дар ибтидои нишасти алании имрӯз (якшанбе)-и маҷлис бо ишора ба солрӯзи ҳамлаи террористии ДОИШ ба Маҷлиси Шурои исломии Эрон ва ҳарами мутаҳҳари имом Хумайнӣ (раҳ) гуфт: Хадамоти иттилоотии Амрико, Исроил ва бархе кишварҳои минтақа пушти ин ҳамла буданд ва барои куштори мардум дар хиёбонҳои Теҳрон ҳам барнома доштанд.

Қолибоф афзуд: Аагар муҷоҳидати сарбозон ва нигаҳбонони Эрон ба вижа муҷоҳидони фаромарзии инқилоби исломӣ набошад, душман аз иртикоби ҳеҷ ҷинояте дар ҳаққи мардуми Эрон музоиқа намекунад.

Дар ҳамлаҳои унсурҳои вобаста ба гурӯҳи террористии ДОИШ ба Маҷлиси Шурои исломии Эрон ва ҳарами мутаҳҳари имом Хумайнӣ (раҳ) дар ҳафтуми июни 2017 дар Теҳрон, 17 нафар шаҳид ва шуморе низ захмӣ шуданд, тамомии авомили ин ҳамлаи террористӣ ва ҳамроҳонашон низ ба ҳалокат расиданд.