Июн 21, 2020 11:35 Asia/Dushanbe
  • Эрон бузургтарин мизбони паноҳандагони афғонистонӣ дар ҷаҳон

Вазорати умури муҳоҷирини Афғонистон эълом кард: Ҷумҳурии Исломии Эрон бо мизбонӣ аз дуву ним миллион нафар, бузургтарин мизбони муҳоҷирон ва паноҳандагони афғон дар ҷаҳон аст.

Ба гузориши радиои  тоҷикии Садои  Хуросон ба нақл аз хабаргузории Тасним, Ризо Боҳир- муовини сухангӯи Вазорати муҳоҷирини Афғонистон гуфт: Ин кишвар 6.5 миллион муҳоҷир ва паноҳанда дар ҷаҳон дорад ва Эрон ва Покистон ба тартиб аз 2.5 ва 2.4 миллион шаҳрванди афғон мизбонӣ мекунанд.

Ризо Боҳир тасреҳ кард: Ҳудуди 500 ҳазор афғон дар кишварҳои аврупоӣ, 500 ҳазор нафар дар Амрико ва Австралия ва 500 ҳазор нафари дигар низ дар Аморот зиндагӣ мекунанд.

Муовини сухангӯи Вазорати муҳоҷирини Афғонистон афзуд: Ба далели идомаи хушунатҳо ва идома ёфтани ҷангу ноамнӣ дар бисёре аз минтақаҳои кишвар, даҳҳо ҳазор нафар аз мардум низ дар дохили Афғонистон овора ҳастанд.

Вазорати муҳоҷирини Афғонистон пеш аз ин шумори оворагони дохилиро, ки ба далели даргирӣ ва ҷанг маҳалли зиндагии худро тарк кардаанд 600 ҳазор нафар эълом карда буд.