Июн 28, 2020 17:19 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Давлати Эрон ниёзе ба истиқрози хориҷӣ ва дохилӣ надорад

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон бо ишора ба асароти коронавирус дар вазъияти кунунии иқтисоди кишварҳои ҷаҳон гуфт, ки давлати Эрон бо вуҷуди таҳримҳо, ниёзе ба истиқроз (қарз гирифтан)-и хориҷӣ ва дохилӣ надорад.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи якшанбе дар ҷаласаи ситоди миллии муқобила бо бемории коронавирус афзуд: Кишварҳое, ки таҳти таҳрим ва фишори иқтисодӣ нестанд, баъд аз хурӯҷи коронавирус бо вазъияти иқтисоии баде рӯбарӯ шудаанд ва барои намуна, истиқрози (қарз гирифтани) Англия дар ин айём 273 миллион понд будааст.

Рӯҳонӣ бо баёни ин, ки дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон бобати ҳазинаҳои дармон аз беморони коронаӣ пул дарёфт мешавад, тасреҳ кард:

Дар Эрон бобати ҳазинаҳои дармон, аз беморони коронаӣ пуле дарёфт намешавад.

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон хотирнишон кард, давлати Эрон бо иттихози тадбирҳое тавонистаааст вазъияти кишварро бо  вуҷуди таҳрим ва коронавирус мудирият кунад.

 

Барчасп