Мусавӣ: Эрон дар бораи тавонмандии дифоии худ бо касе шухӣ надорад
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт: Ҷумҳурии исломӣ дар бораи тавонмандиҳои дифоии худ бо касе шухӣ надорад.
Саидаббоси Мусавӣ- сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон рӯзи душанбе дар нишаст бо хабарнигорон бо ишора ба пешниҳоди се кишвари Фаронса, Олмон ва Англис бар асоси тамдиди таҳримҳои таслиҳотии Эрон то соли 2023 гуфт: Аврупоиҳо кори беҳудае анҷом медиҳанд ва ба бероҳа мераванд.
Вай афзуд: Идома ёфтани таҳримҳои таслиҳотии Эрон хилофи қатъномаи 2231 Шурои амният аст ва осору пайёмадҳое дорад, ки кишварҳои аврупоӣ ва Амрико бояд посухгӯи он бошанд.
Мусавӣ тасреҳ кард: Таомули Аврупо ва Амрико ба худашон рабте дорад, вале Ҷумҳурии Исломии Эрон аз ҳуқуқи худ намегузарад то таомули Аврупо ва Амрико, ки навъе робитаи арбоб-зердастӣ аст, идома ёбад.
Мусавӣ ҳамчунин дар бораи эъломи худмухтории иёлати Кентакии Амрико ва рӯйкарди Эрон дар бораи интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико гуфт: Масоили дохилии Амрико барои Эрон аҳамияте надорад, аммо аз назари инсонӣ ва ҳуқуқи башарӣ, таҳаввулоти Амрико барои мардуми Эрон муҳим аст.
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон бо ишора ба поймолсозии систематики ҳуқуқи инсон дар Амрико, афзуд: Кишваре, ки солона гузориши ҳуқуқи инсон дар мавриди кишварҳои дигар медиҳад, ба сурати ошкор ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқи сиёҳпӯстонро зери по мегузорад.