Июн 29, 2020 20:25 Asia/Dushanbe
  • Шиносоии  40 амрикоие, ки дар террори шаҳид Сулаймонӣ ширкат доштанд

Муовини Вазири корҳои хориҷии Эрон аз шиносоии 40 амрикоие, ки дар террори шаҳид Сулаймонӣ ширкат доштанд, хабар дод ва гуфт: "Ба зудӣ якчанд операторони бесарнишини ИМА низ муайян карда мешаванд."

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон, дар нишасти имрӯз (душанбе) намояндагони ниҳодҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ, амниятӣ, низомӣ ва қазоӣ ба мизбонии муовини умури ҳукукӣ ва байналмилалии Вазорати умури хориҷа Муҳсини Баҳорванд охирин таҳаввулоти марбут ба парвандаи террори сардори сипаҳбуд шаҳид Сулаймонӣ баррасӣ шуд.

Муовини умури ҳуқуқӣ ва байналмилалии Вазири корҳои хориҷа дар иртибот бо баргузории ин нишаст гуфт: "Имрӯз ҷаласаи ҳамоҳангӣ дар Вазорати корҳои хориҷа ташкил шуд"

Додгоҳ барои ҷамъоварии далелҳо шабонарӯз кор мекунад. Нерӯҳои иттилоотӣ ва амниятии мо то ба ҳол тақрибан 40 нафар амрикоиеро, ки дар террор ширкат доштанд, муайян кардаанд, аз ҷумла баъзе ҷинояткорон  ва шарикони террор ва чанд нафари дигар, аз ҷумла якчанд операторони ҳавопаймои бесарнишини ИМА то ҳол муайян карда нашудаанд. Ин кор ба зудӣ анҷом дода мешавад.

Баҳорванд илова кард: "Имрӯз мо ҳамоҳанг кардем, ки кор зудтар оғоз шавад ва пас аз муайян кардани шахсони боқимонда амрикоӣ ва ғайриамрикоӣ, ки дар террор ширкат доштанд, судяи дахлдор ба зудӣ дар асоси шавоҳид ва мадорики ғайри қобили инкор барои онҳо кайфари хост содир хоҳад кард ва маҷмӯаи низом то ин афродро ба дасти адолат насупорад аз талош даст барнахоҳад дошт.