Тавлиди панҷ доруи муфид дар дармони корона дар Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i55552-Тавлиди_панҷ_доруи_муфид_дар_дармони_корона_дар_Эрон
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон аз дастёбии Вазорати беҳдошт ва ширкатҳои донишбунёни дохилӣ ба панҷ доруии муассир дар дармони корона хабар дод.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июл 18, 2020 17:20 Asia/Dushanbe
  • Тавлиди панҷ доруи муфид дар дармони корона дар Эрон

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон аз дастёбии Вазорати беҳдошт ва ширкатҳои донишбунёни дохилӣ ба панҷ доруии муассир дар дармони корона хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҳасани Рӯҳонӣ- рӯзи шанбе дар ҷаласаи Ситоди миллии мубориза бо бемории корона гуфт: Аз назари доруҳое, ки метавонад дар дармони бемории корона муассир бошад кори бисёр хубе дар кишвар анҷом шудааст ва дар ҳамин ҳол як дору дар ҳафтаҳои оянда арза мешавад.

Вай бо ишора ба идомаи талошҳо барои тавлиди ваксина дар Эрон ибрози умедворӣ кард талоши муҳаққиқон дар ин замина низ дастовардҳои хубе дошта бошад.

Рӯҳонӣ ҳамчунин бо ишора ба тозатарин гузориши таҳқиқотии Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон гуфт: Дар ин гузориш тахмин зада шудааст, ки то кунун 25 миллион эронӣ ба вирус корона олуда шудаанд ва эҳтимолан ҳудуди 30 то 35 миллион нафар низ дар моҳҳои оянда дар маърази ин вирус қарор хоҳанд гирифт.

Раиси ҷумҳури Эрон бо хоҳиш аз шаҳрвандон барои амал ба дастурҳои беҳдоштӣ гуфт: Содатарин ва ҳатто муассиртарин ва камҳазинатарини он истифода аз ниқоби тиббӣ аст, ки ҳам ҳазинаи зиёде надорад ва ҳам омили бисёр хубе барои ҷилавгирӣ аз густариши бештари ин беморӣ аст.