Июл 20, 2020 08:19 Asia/Dushanbe
  • Содироти чойи эронӣ ба 12 кишвари ҷаҳон

Чойи эронӣ дар се моҳи гузашта ба 12 кишвари ҷаҳон содир шудааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Сайидруҳуллоҳ Латифӣ- сухангӯи гумруки Эрон рӯзи якшанбе гуфт: Кишвари Ироқ дар се моҳи гузашта бо хариди 183 тонна чой, нахустин мақсади содиротии чойи эронӣ маҳсуб мешавад.

Ба гуфтаи Латифӣ, илова бар Ироқ 11 кишвари дигар аз ҷумла Қазоқистон, Афғонистон, Олмон, Ҳинд, Тоҷикистон, Русия, Узбакистон ва Туркия аз харидорони чойи эронӣ ҳастанд.

Тоҷикистон бо 29 тонна воридот, шашумин муштарии чойи эронӣ дар се моҳи аввали соли 1399 шамсӣ будааст.

Сухангӯи гумруки Эрон афзуд: Содироти чойи эронӣ дар се моҳи гузашта ба лиҳози вазнӣ беш аз 575 тонна ва аз назари арзиш, ҳудуди 500 ҳазор доллар баровард мешавад.

Чой пурмасрафтарин нӯшиданӣ пас аз об дар ҷаҳон ва яке аз бо арзиштарин маҳсулоти бахши кишоварзӣ аст.

Саҳми тиҷорати чой дар ҷаҳон солона дар ҳудуди 42 миллиард доллар аст.

 

Барчасп