Июл 22, 2020 18:23 Asia/Dushanbe
  • Доруи эронии муассир дар дармони корона омодаи тавзеъ шуд

Доруи ҷадиди Ремдесивир (remdesivir) –и эронӣ, ки барои кумак ба дармони бемории Ковид -19 мавриди таъйиди Ситоди миллии мудирияти корона қарор гирифтааст, омодаи ирсол ба саросари Эрон шуд.

Саид Маликӣ, мудири ширкати дорусозии “Рӯнок” -и Эрон рӯзи чаҳоршанбе ба хабарнигорон гуфт, ин ширкати дорусозӣ дар ҳоли ҳозир тавоноии тавлиди моҳона ҳаддиақал 100 ҳазор виёл (шишаҳои кӯчаки нигаҳдорӣ) аз доруи Ремдесивирро дорад ва дар сурати ниёз метавон миқдори бештаре аз доруро тавлид кард.

Мудири ширкати дорусозии “Рӯнок” гуфт, доруи тавлидшуда дар ин ширкати донишбунён аз назари кайфият комилан мушобеҳи нишонҳои муътабари хориҷӣ аст, ки бо қимати як даҳуми намунаи хориҷӣ дар кишвар тавлид шудааст.

Ба гуфтаи Ризо Маликзода, муовини вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон, ин кишвар ҳамакнун аз кишварҳои пешрав дар таҳқиқоти дармони бемории корона аст ва 10 дарсади таҳқиқоти муртабит бо ин беморӣ дар Эрон анҷом шудааст.