Қадрдонии донишҷӯёни покистонӣ аз мавзеъҳои раҳбари муаззами инқилоб дар ҳимояти Кашмир
(last modified Sat, 25 Jul 2020 10:41:21 GMT )
Июл 25, 2020 15:41 Asia/Dushanbe
  • Қадрдонии донишҷӯёни покистонӣ аз мавзеъҳои раҳбари муаззами инқилоб дар ҳимояти Кашмир

Донишҷӯёни покистонӣ аз мавзеъҳои раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар ҳимоят аз муборизоти мардуми Кашмири таҳти контроли Ҳинд, қадрдонӣ карданд.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон, сафорати Покистон дар Теҳрон аз баргузории вебинари баррасии вазъияти мусулмонони мазлуми Кашмири таҳти контроли Ҳинд бо ҳузури донишҷӯёни покистонӣ хабар дод.

Донишҷӯёни покистонӣ дар ин ҳамоиш таъкид карданд, раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар муносибатҳои мухталиф ҳамвора аз мусулмонони Кашмири таҳти контроли Ҳинд ҳимоят кардааст.

Дар ин ҳамоиш таъкид шудааст, давлати Ҳинд бо бекор кардани модаи 35 ва 370-и қонуни асосӣ, ба шиддат дар талош барои табдили аксарияти мусулмон ба ақаллият дар Кашмири таҳти контроли Ҳинд аст.

Ҳинд солҳост бо мустақар кардани ҳазорон низомӣ, минтақаҳое аз Кашмирро таҳти контроли худ дар оварда ва таи се даҳа, даҳҳо ҳазор нафар дар хушунатҳои ин минтақа ба қатл расидаанд.

Мардуми Кашмир, иҷрои қатъномаи Шурои амнияти Созмони Миллал бар асоси баргузории ҳамапурсӣ барои таъйини вазъияти Кашмирро хосторанд, аммо давлати Ҳинд ҳамвора бо ин хоста мухолифат кардааст.