Ифтитоҳи куридури КТАИ: Содироти коло аз Эрон ба Тоҷикистон ва Қирғизистон аз масири Афғонистон
(last modified 2020-07-26T10:52:02+00:00 )
Июл 26, 2020 15:52 Asia/Dushanbe
  • Ифтитоҳи куридури КТАИ: Содироти коло аз Эрон ба Тоҷикистон ва Қирғизистон аз масири Афғонистон

Мудири кулли транзити гумруки Эрон аз ифтитоҳи куридури ҷодаии Эрон-Афғонистон-Тоҷикистон-Қирғизистон (KTAI) бо ҳаракати мошинҳои боркаши ҳомили коло аз Эрон ба Тоҷикистон ва Қирғизистон хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Меҳр, Мустафо Оятӣ рӯзи якшанбе гуфт: Куридури KTAI аз кишварҳои Қирғизистон, Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон ташкил шуда ва ба унвони масири кӯтоҳ ва ҷойгузин барои ирсоли коло аз бандарҳои ҷанубии Эрон ба кишварҳои Осиёи Миёна роҳандозӣ шудааст.

Вай афзуд: Ба манзури тавсеаи куридурҳои транзитӣ ва коҳиши тӯли роҳ ва ҳазинаи транзити коло ба мақсади кишварҳои Осиёи Миёна, фаъол кардани транзит ба Осиёи Марказӣ аз масири Афғонистон ва бо истифода аз "TIR carnet", дар дастури кори гумруки Эрон қарор гирифт.

"TIR carnet", санаде гумрукӣ аст, ки барои транзити байналмиллалии коло дар кишвари мабдаъ содир мешавад ва ба муҷиби он коло ба таври пломпшуда (бастабандишуда) аз хоки кишварҳои байни роҳ убур мекунад.

Тибқи муқаррароти "TIR carnet" то мақсад ниёзе ба анҷоми ташрифотии гумрукии марбут ба транзит дар марзҳои вурудӣ ва хуруҷии кишварҳо тибқи қавонини дохилии онҳо нахоҳад буд.

Мудири кулли транзити гумруки Эрон дар идома афзуд: Панҷ мошини боркаш аз мабдаи Эрон аз тариқи Афғонистон ба мақсади Тоҷикистон ирсол шуд, ки бо анҷоми ташрифоти "TIR carnet" дар гумруки Дуғорун расман масири КТАИ ифтитоҳ шуд.

Вай гуфт: Ду мошини боркаш низ нахустин бор аз гумруки бандари шаҳид Раҷоӣ дар ҷануби Эрон ба мақсади Қирғизистон дар куридури КТАИ ирсол шуд.

Гуфтнӣ аст таваққуфи пазириши мошинҳои боркаш  дар марзҳои Туркманистон, фаъолиятҳои ҳамлу нақл ва тиҷориро байни Эрон ва Осиёи Миёна қатъ карда буд, ки бо роҳандозии куридури КТАИ фаъолияти тиҷории ҷодаӣ дар ин минтақа аз сар гирифта шуд.

 

 

Барчасп