Июл 29, 2020 08:32 Asia/Dushanbe
  • Роҳёбии филми эронии «Хуршед» ба ҷашнвораи байналмиллалии филми Венетсия

Филми синамоии эронии Хуршед ба коргардонии Маҷиди Маҷидӣ ба ҳафтоду ҳафтумин давраи ҷашнвораи филми Венетсия роҳ ёфт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, ҷашнвораи байналмиллалии филми Венетсия яке аз қадимитарин ва муътабартарин рӯйдодҳои синамоии дунё ва саҳнае барои намоиши беҳтарин тавлидоти синамоии ҷаҳон аст, ки ҳарсола дар ҷазираи Лидо дар Венетсияи Италия барпо мешавад.

Ҳафтоду ҳафтумин давраи ин ҷашнвора бо вуҷуди шуйюи корона аз 2 то 12 сентябри имсол баргузор мешавад.

Филми Хуршед бо мавзӯи кудакони кор дар бахши рақобати аслӣ намояндаи синамои Эрон хоҳад буд.

Маҷиди Маҷидӣ аз пурифтихортарин коргардонони синамои Эрон аст.

Филмҳои Падар, Ранги Худо, Бачаҳои осмон ва Овози гунҷишкҳо аз муҳимтарин осори Маҷиди Маҷидӣ ҳастанд, ки дар ҷашнвораҳои байналмиллалии мухталиф ғолиби ҷоизаҳои бисёре шудаанд.