Ба ёди бонуи донишманде, ки забони суғдиро зинда кард
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i55923-Ба_ёди_бонуи_донишманде_ки_забони_суғдиро_зинда_кард
Доктор Бадруззамони Қариб, устоди забонҳои бостонӣ ва узви пайвастаи Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ рӯзи сешанбеи 28 июл чашм аз ҷаҳон фурӯ баст.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июл 29, 2020 17:31 Asia/Dushanbe
  • Ба ёди бонуи донишманде, ки забони суғдиро зинда кард

Доктор Бадруззамони Қариб, устоди забонҳои бостонӣ ва узви пайвастаи Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ рӯзи сешанбеи 28 июл чашм аз ҷаҳон фурӯ баст.

Муртазо Қосимӣ, мудири равобити умумии Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ эълом кард: “Субҳи рӯзи ҳафтуми мурдодмоҳи 1399 доктор Бадруззамони Қариб, узви пайвастаи Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ, забоншинос ва устоди донишгоҳ, дар синни 91 солагӣ даргузашт ва гӯё эшон ҳам аз қурбониёни корона буданд”.

Бадруззамони Қариб мадраки доктории забонҳои бостонии худро аз Донишгоҳи Пенсилванияи Амрико бо дифоъ аз рисолааш бо унвони “Таҳлили сохтории феъл дар забони суғдӣ” дарёфт карда буд ва дар ҳавзаи забонҳои бостонии Эрон соҳиби шӯҳрат ва эътибори ҷаҳонӣ буд.

Ӯ дар соли 1350 хуршедӣ, (1971 мелодӣ) нахустин курси омӯзиши забони суғдиро дар донишгоҳи Теҳрон таъсис кард.

Бадруззамони Қариб аз забони суғдӣ ба унвони “забони фаромӯшшудаи Ҷодаи Абрешим” ёд карда ва гуфтааст: “Вақте корро шуруъ кардам, суғдӣ на матн дошт ва на дастур ва на вожанома ва ман маҷбур шудам ҳама корҳоро худам дар синф анҷом диҳам”.

Вай 20 сол аз умри худро сарфи таҳияи “Фарҳанги забони суғдӣ” ба се забони суғдӣ, форсӣ ва англисӣ кард ва барои ин кор, илова бар гирдоварии вожаҳои мухталифи суғдӣ, аз мутуни мухталифи буддоӣ, монавӣ ва масеҳӣ, аз назари решашиносӣ ҳам иттилооте ба онҳо афзуд.

Доктор Бадруззамони Қариб як бор барои таълифи китоби “Фарҳанги забони суғдӣ” ва як бор низ барои тарҷумаи китоби “Забонҳои хомӯш”, асари Юҳон Фредриш, барандаи ҷоизаи китоби соли Ҷумҳурии Исломии Эрон шуд.

“Таваллуди Буддо ба ривояти суғдӣ”, “Таърихчаи гӯишшиносӣ дар Эрон”, “Мутолеоти суғдӣ” ва “Пажӯҳишҳои эронии бостон ва миёна” аз дигар осори ин забоншиноси барҷаста аст.

Радиои тоҷикии Садои Хуросон даргузашти ин чеҳраи мондагори илмӣ ва фарҳангии Эрон ва ҷаҳонро ба тамоми форсизабонон ва аҳли фарҳангу адаб тасалият мегӯяд.