Нигоҳи баландмуддати Эрон ва Ироқ ба ҳамкориҳои дуҷониба
(last modified Sat, 01 Aug 2020 04:43:49 GMT )
Август 01, 2020 09:43 Asia/Dushanbe
  • Нигоҳи  баландмуддати Эрон ва Ироқ ба ҳамкориҳои дуҷониба

Ҳасанӣ Рӯҳонӣ- раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи ҷумъа дар гуфтугӯи телефонӣ бо Барҳам Солеҳ- раиси ҷумҳурии Ироқ, бар лузуми талош барои тавсеаи беш аз пеши муносибот ва ҳамкориҳои ду кишвар таъкид кард.

Раиси ҷумҳури Эрон дар ин гуфтугӯ бо табрики иди саиди Қурбон ба унвони мазҳаре аз ваҳдати мусулмонони ҷаҳон, изҳори умедворӣ кард, тасмимот ва тавофуқҳои ду кишвар дар сафари ахири нахуствазири Ироқ ба Теҳрон ҳарчи сареътар иҷроӣ шавад.

Барҳам Солеҳ, раиси ҷумҳури Ироқ низ дар ин гуфтугӯи телефонӣ бо таъкид бар ин ки дар шароити кунунии ҷаҳон ва шуйюи бемории корона, ваҳдат ва ҳамкорӣ миёни ҳамаи кишварҳои минтақа бояд беш аз пеш густариш ёбад, тасреҳ кард: Тавсеаи ҳамаҷонибаи муносибот ва ҳамкориҳо бо Эрон як асли хадшанопазир дар сиёсати хориҷии Ироқ аст.

Изҳороти раисони ҷумҳури Эрон ва Ироқ таъкиди дубора бар нуктаҳои муҳиме аст, ки ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ- раҳбари муаззами инқилоб дар дидори ахири Мустафо Алкозимӣ- нахуствазири Ироқ ба Теҳрон мавриди таваҷҷуҳ қарор доданд. Раҳбари муаззами инқилоби исломи дар суханони худ бо ишора ба мухолифати Эрон бо ҳар гуна иқдоме, ки муҷиби тазъифи давлати Ироқ шавад, хотирнишон карданд: Он чи дар равобити дуҷониба барои Ҷумҳурии Исломии Эрон бисёр ҳоизи аҳамият аст манофеъ, масолеҳ, амният, иззат, иқтидори минтақаӣ ва беҳбуди шароит дар Ироқ аст.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ бо баёни ин ки дидгоҳи амрикоиҳо дар бораи Ироқ дуруст дар нуқтаи муқобили Эрон аст, тасреҳ карданд: Эрон дар хусуси равобити Ироқ бо Амрико дахолате намекунад аммо интизор дорад, дӯстони ироқӣ, Амрикоро бишносанд ва бидонанд, ки ҳузури Амрико дар ҳар кишваре маншаи фасод, харобӣ ва вайронӣ аст. Эшон афзуданд: Амрико ба маънои воқеии калима душман аст ва мувофиқи Ироқи мустақил, қавӣ ва дорои ҳукумате бо овози аксарият нест.

Нуктаи дорои аҳамият дар ин изҳорот, таъкид бар тақвияти равобити Эрон ва Ироқ аст, ки ба сатҳи роҳбурдӣ иртиқоъ ёфтааст.

Бар ин мабно; Ироқи бо субот ва амн ва бархурдор аз тавсеаи иқтисодӣ аз авлавиятҳои сиёсати калони Ҷумҳурии Исломии Эрон аст. Дар сатҳи амниятӣ низ ҳимоятҳои комили Эрон аз давлат, миллат ва неруҳои мусаллаҳи Ироқ нишон дод, ки Эрон дар шароити сахт ва пурмухотираи ин кишвар нақши муҳиме дар бозгардондани субот ва амният ба Ироқ ва минтақа доштааст.

Бо таваҷҷуҳ ба ҳамаи ин воқеиятҳо аст, ки нахуствазири Ироқ дар дидор бо раҳбари муаззами инқилоб бо қадрдонӣ аз мавзеъҳо ва ҳимоятҳои Эрон дар мақтаъҳои мухталиф ба вижа дар даврони ҷанг бо ДОИШ ва такфириҳо гуфт: Мардуми Ироқ ҳеҷгоҳ ҳимоятҳои Эронро фаромуш нахоҳанд кард ва воқеият ин аст, ки хуни ироқиҳо ва эрониҳо дар ҷанг бо такфириҳо дар ҳам омехтааст.

Воил Алрикобӣ- таҳлилгар ва коршиноси сиёсӣ дар Ироқ, муътақид аст; мавзеъҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон дар дифоъ аз Ироқ ба вижа дар ҷанг бо гуруҳи террористии ДОИШ сабабшуда то ин ҳамсояи мусулмон ба содиқтарин ва мутмаинтарин дӯсти Ироқ табдил шавад.

Аз ҷанбаи иқтисодӣ низ дар сафари нахуствазири Ироқ ба Теҳрон, мақомҳои ду кишвар бар сари афзоиши табодули тиҷорӣ то сақфи 20 миллиард тавофуқ карданд. Эрон дар ҳоли ҳозир муҳимтарин таъминкунандаи барқ ва гази Ироқ аст . Ба далелҳои мутааддид метавон гуфт, ки ҳамкориҳои Эрон ва Ироқ аз як пуштвонаи майдонӣ бархурдор аст ва ҳамонгуна, ки дар гуфтугӯи раисони ҷумҳури ду кишвар таъкид шуд, ин ҳамкориҳо метавонад дар дигар заминаҳо низ тақвият гардад.