Август 06, 2020 17:34 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Миллати Лубнон бо сабр ва ҳамбастагӣ аз ин ҳодисаи сахт убӯр хоҳад кард

Раиси Ҷумҳӯрии Исломии Эрон бо баёни инки давлату миллати Эрони мисли ҳамеша дар канори мардуми Лубнон хоҳанд буд, гуфт, миллати бузурги Лубнон бо сабру ҳамбастагӣ аз ин ҳодисаи сахт низ бо иззату сарбаландӣ убӯр хоҳад кард.

Ҳасани Рӯҳонӣ рӯзи панҷшанбе дар гуфтугӯи телефонӣ бо Мишел Аун, раисиҷумҳури Лубнон, зимни ибрози ҳамдардӣ бо давлату миллати Лубнон, гуфт, ҳодисаи инфиҷори бандари Бейрут барои эрониён низ бисёр ғамангез ва андуҳбор буд ва мардуми Эрони шарики дарди миллати Лубнон ҳастанд.

Раиси Ҷумҳӯрии Исломии Эрон афзуд, вазирони умӯри хориҷа ва беҳдошту дармон ва ҳамчунин раиси Созмони Ҳилоли Аҳмари Эрон муваззаф шудаанд то бо ҳамтоёни лубнонии худ, ба шакли мустамар дар тамос бошанд то битавонем ҳаргуна ниёзмандӣ ва кумак ба мардум ва кишвари дӯсту бародарамон Лубнонро ба суръат посух диҳем.

Мишел Наим Аун низ дар ин гуфтугӯи телефонӣ зимни қадрдонӣ аз ибрози ҳамдардии давлату миллати Эрон дар ҳодисаи инфиҷори бандари Бейрут, гуфт, миллати Лубнон ҳамвора қадрдони тавваҷуҳ ва муҳаббати миллату давлати Эрон ба худ буда ва ҳаст.

Раиси ҷумҳури Лубнон афзуд, баррасии ҳамаи абъоди ин ҳодиса ва ҷамъбандии хисорот ва кумакҳои мавриди ниёз замонбар аст, аммо таърихи равобит ва дӯстии ду миллати Эрон ва Лубнон гувоҳи он аст, ки ҳаргоҳ давлату миллати Лубнон ниёз ба кумак дошта, миллату давлати Эрон аз ҳеч ёрӣ ва кумаке дареғ надоштаанд ва амиқан аз эҳсосоти бародарона ва дӯстонаи эрониён нисбат ба худ сипосгузорӣ мекунем.

Дар пайи вуқуъи оташсӯзии густардаи асри сешанбе дар яке аз анборҳои маводи муҳтариқа воқеъ дар бандари Бейрут, инфиҷори маҳибе дар анборҳои муҷовири ҳовии нитрати аммиак рух дод, бар асоси эъломи вазорати беҳдошти Лубнон, токунӯн бар асари ин инфиҷор 137 нафар кушта ва ҳудуди панҷҳазор нафар захмӣ шудаанд.

 

Барчасп