Август 07, 2020 19:16 Asia/Dushanbe
  • Ҳуқуқи башари исломӣ таъминкунандаи ҳуқуқи ҳамаи инсонҳост

Ситоди ҳуқуқи башари Эрон эълом кард, ҳуқуқи башари исломӣ таъминкунандаи ҳуқуқи ҳамаи инсонҳо дар ҷаҳон аст.

Ситоди ҳуқуқи башари Ҷумҳурии исломии Эрон ба муносибати рӯзи Ҳуқуқи башари исломӣ дар баёнияе таъкид кард, мелок дар ҳуқуқи башари исломӣ нафъу зарари афроду гурӯҳҳову шахсиятҳо нест, балки аз он ҷо ки ҳама бандаи Худо ҳастанд, пас сазовори кароматанд, фарогирӣ ва амал ба мафоҳими ҳуқуқи башари исломӣ боиси фарогирии комили ҳуқуқи ҳамаи инсонҳо хоҳад шуд.

Дар ин баёния бо эъломи ин ки ғарбиҳо дар тӯли чанд даҳа талош карданд то бо фиреби афкори умумӣ ин гуна вонамуд кунанд, ки монеи аслӣ дар фарогирии ҳуқуқи башар вуҷуди Худо дар матни зиндагии фардӣ ва ҷамъии инсонҳост, тасреҳ шудааст: Торих собит кард ҳазфи Худо аз ҷомеаи башарӣ на танҳо иддаои ғарбиҳо барои таъмини ҳуқуқи ҳаддиаксарии инсонҳоро иҷро накард, балки онҳо аз таъмини ҳуқуқи ҳаддиақалӣ барои башарият низ бозмондаанд.

Ситоди ҳуқуқи башари Ҷумҳурии исломии Эрон афзуд: Вазъият таассуфбори ҷаҳони имрӯз маҳсули ҳокимияти фикрӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ, иқтисод ва расонаҳои қудратмадорони ғарбӣ дар тӯли чандин даҳаи гузашта аст, ки як тарафи он миллатҳои озодаву мустақилу тарафи дигари он ишғолгарон, мутаҷовизону террористҳо ҳастанд, бо ин тафовут, ки миллатҳои озодаву мустақил муттаҳам ба нақзи ҳуқуқи башар ва ишғолгарону мутаҷовизону террористҳо муддаии ҳимоят аз ҳуқуқи башаранд.

Панҷуми августи соли 2008 бино ба пешниҳоди Эрон ва тасвиб дар Созмони ҳамкории исломӣ ба унвони Рӯзи ҳуқуқи башари исломӣ ва каромати инсонӣ номгузорӣ шудааст.

Ин рӯз ёдовари тасвиби эъломияи ҳуқуқи башар аз дидгоҳи Ислом дар Созмони ҳамкории исломӣ дар панҷуми августи соли 1990 аст.