Рӯҳонӣ: Қудрати дифоии Эрон ба нафъи минтақа аст
Раисҷумҳури Эрон бо таъкид бар ин ки кишвараш аз силоҳ ва имконоти худ барои дифоъ дар баробари таҷовузи бегонагон истифода мекунад, гуфт, қудрати дифоӣ ва таслиҳотии Эрон ба нафъи кулли минтақа аст.
Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар ҷаласаи ҳайати давлат, кишварҳои ҳамсояро ба ҳушёрӣ дар муқобили сӯиистифодаи Амрико фаро хонд ва афзуд, кишварҳои минтақа бояд муроқиби онҳое бошанд, ки манобеи мардумро ғорат мекунанд ва дар муқобил ба бархе силоҳ мефурӯшанд то ҳамсояи худро бомбаборон кунанд.
Рӯҳонӣ бо баёни ин ки Эрон нахустин кишваре буд, ки таҷовузи Саддом, диктатори маъдуми режими баъси Ироқ ба Кувайтро маҳкум карда буд, гуфт: Эрон дар мақоми амал собит кард, ки ба дунболи субот дар минтақа аст ва агар он замон ба Саддом чароғи сабз нишон медод, ин диктатор фардои ҳамла ба Кувайт, кулли Арабистон, Қатар ва Иморотро ҳам ишғол мекард.
Раисҷумҳури Эрон хитоб ба бархе аз кишварҳои ҳамсоя ёдовар шуд, агар ҷумҳурии исломӣ барои суботи минтақа истодагӣ намекард, бархе ҳамсоягони ҷанубии Эрон имрӯз набуданд.
Рӯҳонӣ ҳамчунин бо ишора ба ин ки тасвиби пешнависи зиддиэронии Амрико дар Шӯрои амният нақзи фоҳиши БарҶом ва авоқибаш бар уҳдаи бониёни он хоҳад буд, таъкид кард: Вашингтон алайҳи Теҳрон номувафақ хоҳад буд ва Эрон дар коре, ки бар асоси қонун ва муқаррароту масолеҳи миллӣ пайгирӣ мекунад, пирӯз хоҳад шуд.
Раисҷумҳури Эрон дар идома бо баёни ин ки касе набояд аз ҳодисаи Лубнон сӯиистифода кунад, афзуд: Лубнон ниёз ба ваҳдат, оромиш ва ёрӣ дорад.
Рӯҳонӣ бо ишора ба ирсоли кумакҳои доруӣ ва таҷҳизотии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Лубнон ибрози итминон кард, мардуми бузургвори Лубнон, ки дар ҳаводиси мухталиф истодагӣ карданд, дар ин ҳодиса ҳам муваффақ хоҳанд буд ва аз ин рӯзҳои сахт убур хоҳанд кард.