Август 14, 2020 16:34 Asia/Dushanbe
  • Ризоӣ: Фаластини бузург аз наҳр то баҳр ба зудӣ озод хоҳад шуд

Дабири маҷмаи ташхиси маслиҳати низоми Эрон дар вокуниш ба тавофуқи Аморот ва режеими саҳюнистӣ таъкид кард: ҳеҷ муҷоҳиди исломӣ ва ҳеҷ ғайратманди арабӣ ба Фаластин хиёнат намекунад.

Дар пайи талошҳои бевақфаи «Доналд Трамп» Раиси Ҷумҳурии Амрико барои тасҳили раванди оддисозии равобити байни Аморот ва режими саҳюнистӣ, ду тараф рӯзи панҷшанбе бар сари оддисозии комили равобити дипломатик ба тавофуқ расиданд. 
 
 «Мӯҳсин Ризоӣ» дабири маҷмаи ташхиси маслиҳати низоми Эрон рӯзи ҷумъа дар Твиттӣ навишт, Фаластини бузург аз наҳр то баҳр ба лутфи ғайрати муҷоҳидон ва мардумони сабураш ба зудӣ озод хоҳад шуд ва беғайратҳо дар таърих гум хоҳанд шуд. 
 
 Ризоӣ афзуд, Абу Дабӣ муддати даҳ сол аст, ки Аморотро биҳишти Исроил кардааст. 
 
 Дабири маҷмаи ташхиси маслиҳати низоми Эрон бо таъкид бар ин, ки ҳеҷ муҷоҳиди исломӣ ва ҳеҷ ғайратманди арабӣ ба Фаластин хиёнат намекунад, тасреҳ кард: фақат беғайратҳо аз пушт ханҷар мезананд. 
 
 «Аббосалии  Кадхудоӣ» сухангӯи шӯрои нигаҳбони қонунии асоси Эрон низ тавофуқи Абу Дабӣ ва Телавив барои оддисозии равобитро тасарруфи аморот ба баҳона таълиқи илҳоқи Каронаи Бохтарии рӯди Урдун донист.

Барчасп