Гиромидошти Рӯзи пизишк дар Эрон бо паёми табрики Рӯҳонӣ
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i56730-Гиромидошти_Рӯзи_пизишк_дар_Эрон_бо_паёми_табрики_Рӯҳонӣ
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Рӯзи пизишкро ба ҳамаи пизишкони кишвараш табрик гуфт. Рӯҳонӣ гуфт, пазириши масъулияти пизишкӣ, тасвири равшане аз дигархоҳӣ ва сабке аз шуҷоона зистан аст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 22, 2020 07:52 Asia/Dushanbe
  • Гиромидошти Рӯзи пизишк дар Эрон бо паёми табрики Рӯҳонӣ

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Рӯзи пизишкро ба ҳамаи пизишкони кишвараш табрик гуфт. Рӯҳонӣ гуфт, пазириши масъулияти пизишкӣ, тасвири равшане аз дигархоҳӣ ва сабке аз шуҷоона зистан аст.

Рӯзи аввали шаҳривар зодрӯзи Ҳаким Абуалӣ Сино, дар тақвими Эрон ба поси таълифот ва хадамоти вай ба илми пизишкӣ ва ба манзури таҷлил аз пизишкон, »Рӯзи пизишк« номгузорӣ шудааст.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар паёме ба ин муносибат навишт: «Рӯзи пизишки имсол, фурсате барои такрим аз қаҳрамононе аст, ки ҷонона аз ҳарими саломати мардуми азизи Эрон, посдорӣ карданд. Онон, ки барои "наҷот"-и ҳамнавъон аз "ҷон" гузаштанд ва шуҷоона миёни майдон истоданд.»

Рӯҳонӣ бо қадрдонӣ аз мсъулиятпазирӣ, фидокорӣ ва диловарии пизишкон ва тамоми аркони "низоми сарбаланди саломати Эрон" хотирнишон кард, ҳофизаи таърихии миллат, ин фидокориҳоро дар тарози ҷонибозиҳои размандагони ватан қарор хоҳад дод.

Раисиҷумҳури Эрон ҳамчунин имрӯз дар ҷаласаи Ситоди миллии муқобила бо куруно ва ба муносибати рӯзи пизишк, аз хонаводаҳои се шаҳиди ҳавзаи саломати кишвар қадрдонӣ кард.