Ибрози ҳамдардии Эрон бо қурбониёни сели Афғонистон
Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон дар паи ҷорӣ шудани сел дар Афғонистон ,ба ҳукумат ва мардуми ин кишвар ибрози ҳамдардӣ кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Саиди Хатибзода рӯзи чоршанбе дар паёме аз ҷорӣ шудани селоб дар баъзе қисматҳои Афғонистон изҳори таассуф кард, ки дар натиҷаи он талафоти ҷонӣ ва хисороти моддӣ рух дод.
Субҳи рӯзи чаҳоршанбе дар шаҳри Чорияккор, маркази вилояти Парвон сели шадид ҷорӣ шуд.
Ҳукумати Афғонистон то ҳол ҳеҷ гуна маълумоти расмӣ дар бораи ҳаҷми хисороти сел дар Парвонро ифшо накардааст, аммо мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, ки ҳадди аққал 70 нафар кушта ва 110 нафар маҷрӯҳ шудаанд, ки бештари онҳо занон ва кӯдакон мебошанд.
Баъзе шоҳидон шумораи қурбониёнро 116 ва шумораи захмиёнро 180 нафар эълон кардаанд.
“Уфуқнюс” инчунин гузориш дод, ки далелҳо нишон медиҳанд, ки нисфи шаҳри Чорияккор хароб ва зери об мондаааст.
Илова бар ин, то имрӯз 300 хона хароб шудааст.