Рӯҳонӣ: Тавтеаҳои Кохи Сафед зидди Эрон шикаст хӯрдааст
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, ҳамаи тавтеаҳо ва тарроҳиҳои Кохи Сафед ба унвони як хатои бузурги стратегӣ, ҷиҳати таслими миллат ва давлати Эрон, сад дарсад шикаст хӯрдааст.
Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи панҷшанбе дар маросими баҳрабардорӣ аз 3 тарҳи миллӣ дар ҳавзаи вазорати нерӯ афзуд, ифтитоҳи ин тарҳҳо он ҳам дар давроне, ки шадидтарин ва сахттарин таҳримҳо зидди Эрони исломӣ эъмол шуда, нишондиҳандаи истодагӣ ва талоши масъулон ва ҳамроҳии мардум аст.
Рӯҳонӣ тасреҳ кард, миллати Эрон ҳаргиз таслими Амрико нахоҳад шуд ва тарҳҳои душманон натавонист кишварро аз масири тавсеа боз бидорад.
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамчунин бо баёни ин ки тарҳи "механизми моша" бо мухолифати 13 узв аз 14 узви ҳозир дар ҷаласаи Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид рад шуд, гуфт, чунин шикасте дар таърихи сиёсии Амрико беназир аст ва ин шикаст ба хотири истодагии миллати Эрон будааст.
Рӯҳонӣ дар идома ба мавзӯи куруно дар Эрон ишора кард ва афзуд, алорағми фишорҳои ношӣ аз таҳримҳои зиддиэронии Амрико, мардуми Эрон бо риояти дастуруламалҳои беҳдоштӣ дар баробари вируси хатарноки куруно ба хубӣ муқовимат карданд.
Маросим баҳрабардорӣ аз 3 тарҳи ҳавзаи об ва нерӯ рӯзи панҷшанбе басурати видеоӣ ва бо ҳузури раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар устонҳои Ардабил,Кирмоншоҳ ва Озарбойҷони шарқӣ баргузор шуд.