Сентябр 09, 2020 16:28 Asia/Dushanbe
  • Эрон ҳамлаи террористӣ дар Афғонистонро маҳкум кард

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон ҳамлаи террористӣ ба корвони ҳомили муовини аввали раисҷумҳури Афғонистонро маҳкум кард.

Ба гузориши Идораи кулли иттилоърасонӣ ва умури сухангӯии Вазорати умури хориҷаи Эрон, Саид Хатибзода имрӯз гуфт, бо таваҷҷуҳ ба дар пеш будани оғози гуфтугӯҳои байниафғонӣ, сӯиқасд ба корвони ҳомили муовини аввали раисҷумҳури Афғонистон, иқдоми мухолифони барқарории сулҳу субот дар ин кишвар аст.

Сафорати Эрон дар Кобул низ бо судури баёнияе зимни маҳкум кардани ин ҳамлаи террористӣ эълом кард, душманони сулҳу субот дар Афғонистон аҳдофи шум ва ниятҳои хатарнокеро барои ояндаи ин кишвар, ба вижа дар остонаи оғози музокироти байниафғонӣ дар сар мепарваронанд.

Бинобар эъломи Вазорати умури дохилии Афғонистон, дар инфиҷори субҳи имруз, чаҳоршанбе дар Кобул беш аз 10 нафар ҷон бохта ва 15 нафар, шомили теъдоде аз муҳофизони муовини аввали раисҷумҳури ин кишвар захмӣ шуданд.

 

Барчасп