Таслияти сафири Тоҷикистон дар Эрон ба муносибати даргузашти узви Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ
(last modified 2020-09-10T04:31:36+00:00 )
Сентябр 10, 2020 09:31 Asia/Dushanbe
  • Таслияти сафири Тоҷикистон дар Эрон ба муносибати даргузашти узви Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ

Сафири ҷумҳурии Тоҷикистон дар паёме даргузашти Исмоили Саодат-узви пайвастаи Фарҳангистони забон ва адаби форсиро таслият гуфт.

 Ба гузориши Садои Хуросон, ба нақл аз торнамои Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ, Низомуддин Зоҳидӣ, сафири фавқулода ва томулихтиёри ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон, дар паёми таслияти худ, хитоб ба доктор Ғуломалӣ Ҳаддоди Одил ба муносибати даргузашти Исмоили Саодат навиштааст:

 Ҷаноби оқои доктор Ғуломалӣ Ҳаддоди Одил - раёсати мӯҳтарами Фарҳангистони забон ва адаби форсии Ҷумҳурии Исломии Эрон

Даргузашти устод Исмоили Саодат-узви пайвастаи Фарҳангистони забон ва адаби форсиро ба ҳазрати олӣ ва аъзои мӯҳтарами фарҳангистон таслият арз мекунам.Осори устоди даргузашта, ба вежа «Донишномаи забон ва адаби форсӣ» , ки таҳти сарпарастии марҳум таҳия ва нашр шуда, дар шиносондани забон ва адаби фарҳанги Эронзамин нақши муҳимме бар ӯҳда доштааст ва номи устод Исмоил Саодатро мондагор хоҳад кард. Рӯҳи марҳум шод ва ҷояшон дар фирдавси барин бошад.»

 Исмоили Саодат-мутарҷим ва нависандаи эронӣ рӯзи дувуми сентябр дар 95 солагӣ аз дунё рафт.

 Ӯ нависанда, забоншинос ва мутарҷими осори фалсафӣ, узви Шӯрои олии вироиши Созмони садо ва симои Ҷумҳурии исломӣ, мудири гурӯҳи донишномаи таҳқиқоти адабии Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ ва узви пайвастаи ин фарҳангистон буд.

 

Барчасп