Сентябр 10, 2020 18:35 Asia/Dushanbe
  • Ноумедии Амрико аз тамдиди таҳрими таслиҳотии Эрон

Амрико, ки муддаии бозгардондани таҳрими таслиҳотии Эрон дар Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид буд, акнун аз он ноумед шудааст.

Ба гузориши ИРНА, Дэвид Шенкер, муовини вазири хориҷаи Амрико дар умури ғарби Осиё рӯзи чаҳоршанбе дар гуфтугӯ бо Муассисаи таҳқиқотии Брукингс бо ишора ба поёни таҳримҳои таслиҳотии Теҳрон дар моҳи октябри 2020, таҳдид кард, Вашингтон аз лиҳози иқтисодӣ ба сӯроғи кишварҳои содиркунанда ва ё тиҷораткунандагони таслиҳот бо Эрон хоҳад рафт.

Шенкер бо баёни инки Амрико ҳамчунон ба фишор барои бозгардондани таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид алайҳи Эрон идома медиҳад, гуфт, Вашингтон аз ин ки ҳимояти лозим барои тамдиди таҳримҳои таслиҳотии Эрон фароҳам нашуд, мутаассиф шудааст.

Қатъномаи пешниҳодии Амрико барои тамдид мамнуияти таслиҳотии Эрон рӯзи ҷумъа (14 август) бо 11 раъйи мумтанеъ, ду раъйи мухолиф ва ду раъйи мувофиқ натавонист аз сади Шӯрои амният бигузарад. коршиносон ин раъйгириро шикасти бузург барои Амрико тавсиф карданд.

Амрико дар пайи шикаст дар Шӯрои амнияти дар заминаи тасвиби пешнависи қатъномае, ки барои тамдиди таҳрими таслиҳотии Эрон ироа карда буд ва алорағми хурӯҷаш аз БарҶом қасд дорад, аз як равиши мавсум ба "мехонизми моша", барои бозгардондани таҳримҳои СММ алайҳи Эрон истифода кунад.

Тасмиме, ки бо мухолифати қотеи аъзои Шӯрои амният мувоҷеҳ шудааст.

Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико,  8 майи 2018 ба таври якҷониба бо нақзи тааҳҳудоти Вашингтон зайли БарҶом кишварашро аз ин тавофуқи байналмилалӣ хориҷ ва бозгашти таҳримҳои ҳастаиро эълом кард.

Ин иқдоми Трамп бо маҳкумияти густурдаи дохилӣ ва байналмилалӣ мувоҷеҳ шудааст.

 

Барчасп