Сентябр 12, 2020 09:31 Asia/Dushanbe
  • Паҳподи эронӣ ҳавогардҳои амрикоиро ба ақиб ронд

Дар дувумин рӯзи размоиши Зулфиқор 99-и артиши Эрон , се ҳавогарди амрикоӣ, ки бар хилофи қонунҳо ва муқаррарот ба маҳдудаи минтақаи шиносоии дифоъи ҳавоии Эрон вуруд карда буданд, бо паҳпод(ҳавопаймои бидуни сарнишини)и "Каррор"-и нируи падофанд(дифо)и ҳавоии артиш раҳгирӣ шуданд.

Ба гузориши Садои Хуросон, ба нақл аз артиши Эрон, се ҳавогарди амрикоӣ шомили ҳавопаймои p-8 ва паҳподҳои mq-9 ва rq-4 дар ҳоле, ки аз километрҳо дуртар дар расади комили шабакаи якпорчаи падофанди ҳавоии Эрон қарор доштанд, вориди минтақаи шиносоӣ шуда ва бар хилофи қонунҳо ва муқаррарот ва ба сурати ғайримуҷоз ба маҳдудаи минтақаи шиносоии дифоъи ҳавоии Эрон вуруд карданд.

 Ин ҳавогардҳо пас аз бетаваҷҷуҳӣ ба ҳушдори сомонаҳои радарии нируи падофанди ҳавоии артиши Эрон бо паҳподи нируи падофанди ҳавоии артиш мавсум ба " Каррор " раҳгирӣ ва ночор ба тағйири масир ва хурӯҷ аз фазои дифоъи ҳавоии Эрон шуданд.

 Размоиши серӯзаи «Зулфиқор 99» бо ҳузури қисмҳое аз нируи дарёӣ, ҳавоӣ, падофанд(дифои зиддиҳавоӣ) ва нируи заминии артиши Эрон дар маҳдудаи обҳои шарқи тангии Ҳурмуз, соҳилҳои Макрон, баҳри Уммон ва шимоли уқёнуси Ҳинд то мадори 10 дараҷаи шимолӣ  аз рӯзи панҷшанбе оғоз шуд.

 

Барчасп