Зариф хитоб ба Трамп: Замони бедор шудан аст
Вазири умури хориҷаи Эрон бо радди иддаоҳои расонаии Ғарб дар бораи террори сафири Амрико хитоб ба раисҷумҳури он кишвар тавсия кард,ки аз хоб бедор шавад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Муҳаммадҷаводи Зариф сешанбешаб дар тветте Марк Пампео-вазири умури хориҷаи Амрикоро "дуруғгӯйи бузург" хонд ва навишт: «Дурӯғгӯи ҳамешагӣ бо тарҳи ҳушдори дурӯғин, Доналд Трампро гумроҳ кард, то душмани рақами яки ДИИШ-ро террор кунад. Акнун ҳам вай талош мекунад, то бо ҳушдори дурӯғини наве, Трампро ба модари тамоми ботлоқҳо бикашонад ва фиреб диҳад.»
Вазири умури хориҷаи Эрон афзуд: Замони бедор шудан аст.
Торнамои амрикоии Политико ба нақл аз он чӣ гузоришҳои ҷосусии Амрико ва мақомоти наздик ба давлати Амрико хонда, муддаӣ шудааст, ки Эрон ҳамчунон дар талош барои гирифтани интиқоми сардор Қосими Сулаймонӣ аст.
Ин расонаи амрикоӣ ба нақл аз манобеъи ношинос муддаӣ шуда, ки Теҳрон бо ҳадафи гирифтани интиқоми террори сардор Сулаймонӣ қасди террори Лана Маркс-сафири Амрико дар Африқои ҷанубиро доштааст.