Сентябр 27, 2020 17:33 Asia/Dushanbe
  • Рӯнамоӣ аз ҷадидтарин мушаки баллистики дарёии Сипоҳи посдорон бо бурди 700 километр

Ҷадидтарин мушаки баллистики дарёии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ба номи "Зулфиқор Басир" дар намоишгоҳи доимии тавонмандиҳои роҳбурдии нерӯи ҳаво-фазоии сипоҳ рӯнамоӣ шуд.

Намоишгоҳи доимии тавонмандиҳои роҳбурдии нерӯи  ҳаво-фазоии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ рӯзи якшанбе дар Теҳрон  ифтитоҳ  шуд.
Мушаки " Зулфиқор Басир ",ки барои нахустин бор дар ин намоишгоҳ ба намоиш даромадааст, бо бурди 700 километр  қобилияти ҳадаф қарор додани аҳдоф дар дарёро дорад.
Пеш аз ин, бурди мушакҳои баллистикӣ дарёии Эрон бо мушаки Халиҷи Форсу Ҳурмуз то 300 километр эълом шуда буд, ки акнун бо намоиши ин нусха аз мушаки Зулфиқор бо номи " Зулфиқор Басир" ба 700 километр афзоиш ёфтааст.
Дар намоишгоҳи доимии дастовардҳо ва тавонмандиҳои роҳбурдии нерӯии ҳаво-фазоии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ бахше аз дастовардҳо ва тавонмандиҳои роҳбурдии ин нерӯ дар ҳавзаҳои мушакӣ , паҳподӣ , моҳвораӣ ва падофанди сомонаҳои кашфу шиносоӣ ва ҷанги электроник ва низ дастовардҳои марокизи пажуҳишӣ ва таҳқиқотӣ ба намоиш даромадааст.
 Дар ин намоишгоҳ ҳамчунин теъдоде аз паҳподҳои мутаҷовизи аъам аз Амрикоӣ ва саҳюнистӣ, ки тавассути сомонаҳои падофанди нерӯи ҳаво-фазоии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ соқит шудаанд, ба намоиш даромада аст .

Барчасп