Руҳонӣ : Касоне, ки беҳдоштро риоят намекунанд ҷарима мешаванд
Раиси Ҷумҳурии Эрон хостори истифодаи ҳамаи шаҳрвандон аз ниқоб шуд ва аз ҷаримаи афроде, ки усули беҳдоштиро риоят намекунанд хабар дод.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА , Ҳасан Руҳонӣ субҳи шанбе дар нишасти ситоди миллии муқобила бо коронаи Эрон гуфт : « Ковид -19 як бемории оддӣ нест ва фақиру ғанӣ ё султону гадо намешиносад ва масъулон, болотарин мақоми кишварҳо ва донишмандонро низ гирифтор мекунад, Бинобарин роҳе ҷуз тағйири сабки зиндагӣ ба муддати тӯлонӣ надорем ва бояд бидонем, ки агар инзиботи иҷтимоии мо коҳиш пайдо кунад бо мушкилоти бузургтаре мувоҷеҳ мешавем.»
Вай афзуд : « дар ҳар кишваре, ки инзиботи иҷтимоии қавитар аст , онҳо муваффақтар будаанд. Онҳо аз мардуми кишвар хостаанд ва мардуми ҳам бо инзиботи иҷтимоӣ гӯш карданд . Ҳар куҷое мардум муроот накардаанд , мушкилот бештар шудааст.»
Руҳонӣ ҳамчунин дар бораи ҷаримаи афроди бетавваҷӯҳ ба дастурҳои беҳдоштӣ гуфт : кормандоне, ки усули беҳдоштиро риоят накунанд то як сол аз хидмат мунфасил мешаванд ва аснофу бозориён низ дар сурати сарпечӣ аз қонун, пломби коргоҳҳо ва мағозаҳояшон аз як рӯз то як моҳ дар назар гирифта шудааст .
Раиси Ҷумҳурии Эрон гуфт : касе, ки хадамот мехоҳад бояд усули беҳдоштиро риоят кунад ва агар фарде риоят накунад, хадамотдиҳандаро муҷозот хоҳем кард, зеро хидмат додан ба касоне, ки усули беҳдоштиро риоят намекунанд дорои муҷозот аст .
Руҳонӣ таъкид кард бояд ба афроде, ки ниқоб назананд ихтор дода шавад ва мизони ҷаримаи афроде, ки маск намезананд ҳам ҳафтаи оянда мушаххас хоҳад шуд .