Октябр 06, 2020 13:33 Asia/Dushanbe
  • Хумпораҳои ҷанги Қарабоғ боз ҳам дар хоки Эрон фурӯд омад

Фармондори шаҳристон Худоофарин дар шимоли ғарби Эрон бо ишора ба шиддат гирифтани табодули оташ байни нерӯҳои Арманистон ва ҷумҳурии Озарбойҷон, аз исобати 10 хумпораи дигар ба атрофи рустоҳои ин шаҳристон хабар дод.

Алӣ Амирии Род, фармондори шаҳристони Худоофарини Эрон дар гуфтугӯ бо ИРНА гуфт, асри рӯзи душанбе беш аз 10 гулула хумпораи дигар ба атрофи рустоҳои ин шаҳристон, дар устони Озарбойҷони шарқии Эрон исобат кард.

Фармондори шаҳристони Худоофарини Эрон бо эъломи ин ки ин хумпораҳо ба иллати бархурд бо манотиқи ғайримаскунӣ хисороте дар пай надоштааст, бар зарурати маҳфуз мондани ҷони ғайринизомиён ва амокини ғайринизомӣ дар даргириҳо ва табодули оташ миёни Ераван ва Боку таъкид кард.

Абдурризо Раҳмонии Фазлӣ, вазири кишвари Эрон низ рӯзи душанбе дар бораи даргирии ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон дар минтақаи Қарабоғ ва таъсисоти он бар манотиқи марзии Эрон ибрози умедворӣ кард: Боку ва Ереван бо риояти қавонину муқаррароти байналмилалӣ ва эҳтиром ба ҳокимияти кишварҳо, ин масъаларо ҳал кунанд.

Пеш аз ин Саид Хатиб‌зода, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон ҳам дар хусуси бархе таъаррузот ба хоки Эрон дар даргириҳои ахир байни ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон таъкид кард: Ҳар гуна таарруз аз сӯйи ҳар як аз тарафҳо ба хоки Эрон ғайриқобили таҳаммул аст.

Дар рӯзҳои ахир даргириҳо миёни ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон мунҷар ба исобати ҳудуди 40 ракета ва хумпора ба теъдоде аз рустоҳову манотиқи ҳамҷавор бо марзи ин ду кишвар дар Эрон ва маҷрӯҳ шудани як кӯдаки панҷсолаи эронӣ шудааст.

 

Барчасп