Ниқоб пӯшидан дар Теҳрон иҷборӣ шуд
(last modified Tue, 06 Oct 2020 14:11:25 GMT )
Октябр 06, 2020 19:11 Asia/Dushanbe
  • Ниқоб пӯшидан дар Теҳрон иҷборӣ шуд

Муовини кулли Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз иҷбори шудани пӯшидани ниқоб дар Теҳрон хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Эраҷи Ҳарирчӣ рӯзи сешанбе гуфт пӯшидани  ниқоб дар Теҳрон аз шанбеи оянда иҷро мешавад ва дар мавриди мизону чигунагии ҷаримаи касоне, ки аз ниқоб истифода намекунанд низ коршиносиҳои мухталифе дар ҳоли анҷом аст .
ҳарирчӣ гуфт дар остони Теҳрон  вазъият ногувор аст ва ҳамакнун чаҳор ҳазору 793 бемори Ковид -19 дар бахшҳо ва 948 бемори дигар низ дар бахши муроқибатҳои вижа бистарӣ ҳастанд .
Яке аз муҳимтарин равишҳои интиқоли Ковид - 19 аз тариқи интишори қатраҳои олудаи тарашшуҳоти танаффусии фарди бемор ба атроф аст, ки маъмулан дар ҳангоми сӯҳбат, сурфа ва атса иттифоқ меафтад .
Ин масъала  зарурати истифодаи дуруст аз ниқобро ба унвони муҳимтарин омили боздоранда дар баробари вируси корона нишон медиҳад .

Барчасп