Таъйини ҷаримаи молӣ барои моск назадан дар Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i58192-Таъйини_ҷаримаи_молӣ_барои_моск_назадан_дар_Эрон
Раисиҷумҳури Эрон эълом кард, аз ин пас хурӯҷи фарди мубтало ба куруна аз қарантин 200 ҳазор тумон ва назадани моск ба маҳзи хурӯҷ аз хона 50 ҳазор тумон ҷарима ба дунбол дорад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Октябр 10, 2020 10:59 Asia/Dushanbe
  • Таъйини ҷаримаи молӣ барои моск назадан дар Эрон

Раисиҷумҳури Эрон эълом кард, аз ин пас хурӯҷи фарди мубтало ба куруна аз қарантин 200 ҳазор тумон ва назадани моск ба маҳзи хурӯҷ аз хона 50 ҳазор тумон ҷарима ба дунбол дорад.

Ҳасани Рӯҳонӣ дар ҷаласаи Ситоди миллии муқобила бо куруно бо таъкид бар лузӯми бастани масири интиқоли вируси куруно гуфт, тибқи мусавваботи имрӯзи Ситоди миллии муқобила бо куруно ба маҳзи онки шахсе аз ибтилои худ ба куруно огоҳ шуд, муваззаф аст билофосила ба маҳали кор ва хонаводаи худ итилоъ диҳад, ду ҳафта дар карантин бимонад ва ҳақ надорад аз карантин хориҷ шавад.

Раисиҷумҳури Эрон таъкид кард, дар сӯрати тахаллуфи фарди мубтало ва хурӯҷи вай аз карантин, мутахаллиф ба пардохти 200 ҳазор тумон барои ҳар навбати тахаллуф, ҷарима мешавад.

Рӯҳонӣ афзуд, созу кори ин ҷаримаҳо ва сомонаи марбӯта мушаххас шуда ва вазорати беҳдошту дармон низ масъӯл аст ва ҷаримаҳо низ ба ҳисобе, ки ин вазоратхона эълом мекунад, вориз мешавад ва агар мутахаллиф ҷаримаи худро пардохт накунад аз равишҳои дигар ба унвони бадеҳкории фардӣ маҳсӯб хоҳад шуд.

Вай гуфт, афроди мутахаллиф дар асноф дар марҳалаи аввал тазаккур дарёфт мекунанд, дар марҳалаи дуввум 300 ҳазор тумон ҷарима ва дар сӯрати идомаи тахаллуфот якмиллион тумон ҷарима хоҳанд шуд, аммо дар сӯрати идомаи ин раванд дар марҳалаи чаҳорум касб ва кори фарди мутахаллиф пломб хоҳад шуд.

Ба гуфтаи Рӯҳонӣ ин ҷаримаҳо ибтидо дар Теҳрон ва сипас дар соири устонҳои кишвар иҷроӣ хоҳад шуд.