Октябр 13, 2020 13:30 Asia/Dushanbe
  • Ҳаёҳуи Кохи Сафед бар зидди Эрон дар таҳлили Раҳбари Инқилоб
    Ҳаёҳуи Кохи Сафед бар зидди Эрон дар таҳлили Раҳбари Инқилоб

Давлати Амрико дар чорчӯби таҳлиле ғалат ва ба умеди ба зону даровардани Эрон, бо зери по гузоштани ҳамаи қавонин ва тааҳудоти байналмилалӣ, вазнинтарин таҳримҳоро бар зидди миллати Эрон эъмол кардааст.

Воқеиятҳо нишон медиҳад, ки ин таҳлили ғалате фоҳиш аст ва асоси ин таваҳҳумот  чизе ҷуз  иштибоҳи муҳосиботии давлатмардону назарияпардозони Кохи Сафед набудааст.
Суханони Ҳазрати Оятуллоҳи Хоманаӣ,  Раҳбари Муъаззами Инқилоб ва фармондеҳи муъаззами кули қувои Эрон дар рӯзи душанбе дар  иртиботи тасвирӣ бо маросими муштараки донишомӯхтагии донишгоҳҳои афсарии Нерӯҳои мусаллаҳ дар Донишгоҳи афсарии Имом Алӣ алайҳиссалом тасвире равшан аз ин воқеъият аст .
 Фармондеҳи муъаззами кули қувоии Эрон, иллати ҳаёҳуи  арозили ёвагӯи дар Амрико дар бора тавоноиҳои дифоӣ, мушакӣ ва минтақаи Эронро муҳосиботи дақиқу ақлонии Ҷумҳурии исломӣ барои расидан ба ин тавоноиҳо донистанду гуфтанд, ёвагӯии амрикоиҳо, ношӣ аз тарсу ҳамчунин ақабмондагии онҳо дар ин арса аст, аммо бояд бидуни тавваҷӯҳ ба ин фазосозиҳо, дастгоҳи муҳосиботи ақлониро ҳифз карду Ҷумҳурии исломӣ дар ҳамаи ин арсаҳо боз ҳам пеш хоҳад рафт .
 Амрико ҳар бор бо такрори хатоҳои роҳбурдӣ бо шикаст мувоҷеҳ мешавад . Акнун ба таҳқиқ метавон гуфт, ки Амрико дар сиёсатҳояш бар зидди Эрон ба бунбаст расидааст.  Нишонаҳои ин бунбаст: суханони сахиф ва  беморгунаи фарде аст, ки дар Кохи Сафед нишаста ва тасаввур мекунад бар ҳамаи дунё  тасаллут ва ҳокимият дорад. Ҳамонгуна, ки Раҳбари муаззами Инқилоб ва Фармондеҳи муъаззами кулли қувоии Эрон тасреҳ карданд, вазъи имрӯзи Амрико бо ҳазорон миллиард доллар  касрии буҷет ва даҳҳо миллион гурусна ва инсони зери хати фақри бисёр бад аст .
Арзёбии воқеъи ббаёния аз вазъият ва шароити феълии Амрикоро метавон дар дармондагӣ ва сардаргумии Кохии Сафед дид. Амрико на танҳо гегемонияи худро нисбат ба кишварҳои мухталифи дунё аз даст дода; балки дар арсаи дохилӣ низ бо чолишҳои ҷаддии иқтисодӣ ва шикофҳои амиқи иҷтимоӣ, табъизҳои нажодӣ ва иқтисодӣ мувоҷеҳ аст . Дар арсаи байналмилалӣ низ мухолифати 13 кишвар бо Амрико дар Шӯрои  Амнияти он ҳам барои се бор дар камтар аз як моҳ  як иттифоқи нодир дар торихи Созмони Милал аст. То ҷоеки ҳатто расонаҳои Амрико, аз ҷумла  рӯзномаи «Вашингтон Пост» сиёсатҳои Доналд Трампро варшикастагии комил арзёбӣ кардаанд . 
 Амрико аз ибтидоии пирӯзии Инқилоби исломӣ дар воқеъ ҳар кореро, ки тавониста; аз таҳрим то ҳимоят аз режими Саддом дар таҳмили ҷанг ба Эрон, тарроҳии кудето ва ҳимоят аз гурӯҳҳои террорист барои зарба задан ба Эрон анҷом дода, аммо ҳосили ҷузи шикаст ва ноумедӣ надоштааст. Бар рағми ҳамаи фишорҳо иқдомоти ҷинояткоронае, ки Амрико дар даврони раёсати ҷумҳурии Трамп анҷом дода, миллати Эрон аммо нишон додааст, ки сиёсати и дохилӣ ва хориҷиаш таҳти таъсири омадану рафтани афрод дар Кохи Сафед нест ва аз таҳрим низ ба унвони василае барои муқовимсозии воқеии иқтисоди кишвар истифода хоҳад кард. Дар айни ҳол бояд мутаваҷҷеҳ буд, ки ҷумҳурии исломӣ дар миёни набарди сиёсӣ, фикрӣ, ҷанги нарму аҳёнан  бархӯрдҳои сахт бо ҷабҳаи мустакбирон қарор дошта ва дорад. Ин бад он маъност, ки душманон аз талош барои зарба задан ба миллати Эрон маъюс нашуда вабои таҳдидҳо ва таҳримҳо дар садади  тардидафканӣ дар иродаи миллати Эрон ҳастанд . Бо тавваҷӯҳ ба ҳамаи ин воқеъиятҳо аст ки Раҳбари муъаззами инқилоб бо ишора ба таҳаввул дар таҳдидҳо, муқобила бо онҳоро ниёзманди барномаҳои ҷадид донистанд ва таъкид карданд, дар пажӯҳишҳои донишгоҳҳои нерӯҳои мусаллаҳи Эрон бояд пешбинии таҳдидҳои ҷадиду шинохти роҳҳои муқобила бо онҳо мавриди тавваҷӯҳи ҷиддӣ қарор гирад .

Барчасп