Октябр 14, 2020 15:55 Asia/Dushanbe
  • Ҳасани Рӯҳонӣ-раиси ҷумҳӯрии исломии Эрон
    Ҳасани Рӯҳонӣ-раиси ҷумҳӯрии исломии Эрон

Раиси ҷумҳӯрии исломии Эрон гуфт: 18 октябр , рӯзи поёни таҳрими золимонаи таслиҳотии Эрон аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон , Ҳасани Рӯҳонӣ-раиси ҷумҳӯрии исломии Эрон имрӯз ( чаҳоршанбе ) дар ҷаласаи ҳайати давлат гуфт : Теҳрон чаҳор сол бар сари ин мавзӯ бо Амрико ҷангид ва Амрико чаҳор сол аст талош мекунад таҳрими таслиҳотии Эрон рафъ нашавад, аммо 18 октябр бори дигар Амрико шикаст хоҳад хурд.

 Рӯҳонӣ таъкид кард:Рафъи таҳрими золимонаи таслиҳотӣ ба далели истодагии мардуми Эрон аст ва аз рӯзи якшанбе Эрон метавонад аз ҳар касе, ки мехоҳад силоҳ бихарад ва ба ҳар касе ҳам, ки мехоҳад силоҳ бифурушад.

 Раиси ҷумҳӯрии исломии Эрон ҳамчунин бо ишора ба тадбирҳои давлат барои муқобила бо таҳримҳои Амрико гуфт:Раванди рӯ ба рушди содироти ғайринафтии Эрон оғоз шуда аст.

 Рӯҳонӣ ҳамчунин дар остонаи 28 сафар-солрӯзи вафоти Паёмбари акрам ( с ) гуфт : « Мардум аз пешвоёни динии худ ҳамвора дарсҳои муҳимме барои зиндагии фардӣ ва ҷамъии худ омӯхтаанд, аммо аз зиндагии Паёмбар ( с ) беш аз ончи сурат гирифта бояд дарс биомузем. Ишон болотарин шахсияти торихи инсонӣ аст . На қаблу на баъд аз ӯ чунин касе наомада ва нахоҳад омад.Ишон ашрафи махлуқот буд ва паёмаш ахлоқ ва зиндагиаш намуна ва улгу буд ,ӯ улгу ва намуна барои ҳама мо аст.»

 Раиси ҷумҳӯри Эрон тасвибу иҷрои муқаррароти сахтгирона ва маҳдудкунанда дар даврони ҳамагирии коронаро ба хотири ҳифозат аз саломатии мардум унвон кард ва гуфт : « Ташдиди ин муқаррарот барои саломатии мардум , хонаводаҳо ва фарзандони онҳо иҷро мешавад, то дар саломат бимонанд; намехоҳем касе азият шавад, аммо маҳдудиятҳои коронаиро барои ҳифозат аз саломати мардум лозиму зарурӣ медонем.»