Таъкид бар тақвияти ҳамкории иқтисодии Эрон ва Шветсия
Октябр 16, 2020 18:32 Asia/Dushanbe
Сафири Эрон дар Стокголм ва муовини вазири саноати Шветсия бар тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ байни ду кишвар таъкид карданд.
Ба гузориши ИРНА, дар дидори рӯзи ҷумъаи Аҳмади Маъсумифар, сафири Эрон дар Стокголм ва Эмил Ҳук Берг, муовини вазири саноат, ширкатҳо ва навоварии Шветсия, ду тараф роҳҳои тавсеаи равобити иқтисодӣ - тиҷории дуҷонибаро баррасӣ карданд.
Маъсумифар ва Эмили Ҳук Берг ҳамчунин бар тақвияти ҳамкории ширкатҳои Эрон ва Шветсия, ба вижа ширкатҳои хурду миёна дар ҳавзаҳои фанноварӣ, навоварӣ, ҳамлунақл ва муҳити зист ва низ баргузории комиссиюни муштараки иқтисодӣ дар ояндаи наздик таъкид карданд.
Барчасп