Қатори Эрон ба Афғонистон расид
Нахустин қатори мусофирбарии Эрон -Афғонистон мусофирони худро аз шаҳри Хофи Эрон ба минтақаи Ғуриёни Афғонистон интиқол дод.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Ҷилани Фарҳод, сухангӯи волии Ҳирот дар ғарби Афғонистон, "дирӯз як қатори мусофирбар як ҳайати эрониро аз Эрон ба Афғонистон интиқол дод, то марҳилаҳои ниҳоии хатсайрро баррасӣ кунанд."
Вай афзуд: "Қарор аст ҳайати эронӣ замони ифтитоҳи расмии ин хатсайрро эълом кунад.
Ҳаракати ин қатори мусофирбарӣ бо истиқболи мардуми Афғонистон ҳамроҳ шуд.
Роҳи оҳани Ҳирот - Хоф дар маҷмӯъ 221 километр тул дорад ва дорои чаҳор бахш аст, ки ду бахши он дар хоки Эрон ва ду бахш дар хоки Афғонистон қарор дорад.
Ҷумҳурии Исломии Эрон бахши нахусти афғонистонии ин роҳи оҳанро, ки аз марзи Эрон то минтақаи Равзанак дар Ғуриёни Афғонистон ба тули 62 километр идома дорад дар қолиби кӯмаки билоаваз сохтааст ва бахши дувум низ ба тули 82 километр бо кумаки Қазоқистон аз Равзанак то Ҳирот сохтааст.
Бештар бихонед: