Ноябр 01, 2020 11:18 Asia/Dushanbe
  • Эрон тақрибан мутмаин аст, ки террористҳо дар муноқишаи Қарабоғ ҳозир буданд
    Эрон тақрибан мутмаин аст, ки террористҳо дар муноқишаи Қарабоғ ҳозир буданд

Вазири умури хориҷаи Эрон дар бораи интиқоли ҳузури гурӯҳҳои террористӣ дар муноқишаи Қарабоғ ҳушдор дод.

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон рӯзи якшанбе дар гуфтугӯ бо хабаргузории Садо ва симо дар хусӯси ноамниҳои ношӣ аз интиқоли террористҳо бавижа бақоёи ДИИШ ба минтақаи Қарабоғ ва ройзаниҳои дастгоҳи дипломасии Эрон барои муқобила бо онон гуфт, Эрон тақрибан мутмаин аст, ки террористҳо дар миёнаи даргирӣ ҳозир буданд ва Теҳрон таъкид дорад, ин иқдом ба салоҳи ҳеч кас нест.

Санади ҳузури террористҳои сурӣ дар ҷанги Қарабоғ + филм  

Зариф афзуд, Эрон дар музокироти ахири худ мавзӯи интиқол ва ҳузури гурӯҳҳои террористӣ дар Қарабоғро ба итилоъи мақомоти ҷумҳурии Озарбойҷон, Арманистон, Русия ва Туркия расонида ва таъкид кардааст, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон чунин чизеро таҳаммул нахоҳад кард.

Вазири умури хориҷаи Эрон таъкид кард, акнун ин террористҳо дар ҳошияи марзҳои Эрон ҳузур надоранд, аммо эҳтимоли инки бо фосила аз ҳошияи марзҳои кишвар ҳузур дошта бошанд ҳамчунон зиёд аст.

Зариф ҳамчунин бо ишора ба тарҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон барои барқарории сулҳ дар Қарабоғ изҳор кард, тарҳи сулҳи Эрон фақат марбут ба оташбаси муваққат нест, балки ҳаракат ба самти ҳаллу фасли даргириҳо бар асоси чорчӯбе аст, ки бо эъломи тааҳҳуди ду тараф ба маҷмӯае аз усул оғоз мешавад ва баъд бо иқдомоте бавижа хуруҷи нерӯҳои ишғолгар аз ҳамаи манотиқи ишғолӣ идома меёбад.

Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон дар бораи минтақаи Қарабоғ бо якдигар ихтилоф доранд ва муноқишаи ин ду кишвар бар сари минтақаи Қарабоғ соли 1988 оғоз шуда аст.

Даври ҷадиди муноқишаи Қарабоғ аз 27 сентябр оғоз шуд ва шуморе аз нерӯҳои ду тараф кушта ва ё захмӣ шуданд.

 

БЕШТАР БИХОНЕД:

Эрон дар бораи "сар буридан ба сабки такфириҳо" дар даргирии Қарабоғ ҳушдор дод

Поёни ишғолгарии Арманистон: пояи аслии тарҳи Эрон барои сулҳи Қарабоғ  

Ироқчӣ: рӯйкарди Эрон барқарории оташбас дар минтақаи Қарабоғ  

 

 

 

Барчасп