Ноябр 02, 2020 10:35 Asia/Dushanbe
  • Размоиши нуҳуми нерӯи ҳавоии \
    Размоиши нуҳуми нерӯи ҳавоии \"Фидоиёни ҳарими вилоят\" бо номи муқаддас ё \"Содиқ Оли Муҳаммад (а.с.)

Марҳилаи асосӣ ва амалисозии машқҳои нуҳуми нерӯи ҳавоии "Фидоиёни ҳарими вилоят" бо номи муқаддас ё "Содиқ Оли Муҳаммад (а.с.)" дар Исфаҳон, маркази Эрон оғоз ёфт.

Амири генерал «Фарҳоди Гударзӣ» сухангӯи нуҳумин размоиши иқтидори ҳавоии фидоиёни ҳарими вилоят рӯзи душанбе бо ишора ба ҳузури 7 пойгоҳи нерӯи ҳавоии артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ин размоиш гуфт: баъд аз густариши анвои ҳавопаймоҳои шикорӣ ва бомбафкан, таробарии сангин ва нимасангин, сӯхтрасон, шикории раҳгир ва шиносоӣ, гашти ҳавоӣ ва ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин, равишҳои муқобила бо таҳоҷуми душмани фарзӣ бо истифода аз тактикҳои навин дар ду рӯз, тамрин хоҳад шуд.

Генерал Гударзӣ афзуд: "Дар ин размоиш, ҳавопаймоҳои бомбафкани сангини роҳбурдии суху 24 ва ва Ф-4, Ф-5, Ф-7, МиГ-29, Ф-14, соиқа ва ҳавопаймоҳои сӯхтрасони Боинг 707 ва 747 ба ҳамроҳи анвои ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини муҷаҳҳаз ба мушакҳои нуқтазан ва бомбҳои ҳушманди дурпарвоз, ҳузур доранд.

Ба гуфтаи сухангӯи нуҳумин размоиши иқтидори ҳавоии фидоиёни ҳарими вилоят, бомбаборон бо истифода аз муҳимоти нуқтазан ва ҳушманд, тамрини разми ҳавоӣ ва инҳидоми аҳдофи ҳавоӣ, анҷоми амалиёти бомбаборони тактикии муназзам ва мутанаввиъи ҳавоӣ, шиносоии ҳавоӣ ва шунуди электроникӣ, истифода аз паҳподҳо барои бомбаборони аҳдоф, шиносоӣ ва аксбардорӣ ва баҳрагирӣ аз коркунони ҷавон ба ҳамроҳи собиқадорон ба манзури интиқоли таҷрибиёт аз ҷумлаи аҳдофи ин размоиш аст.


 Бештари бихонед :

Барчасп