Мусаввабаи Маҷлиси Шурои исломии Эрон дар бораи иқдоми роҳбурдӣ барои бекор кардани таҳримҳо
(last modified 2020-11-02T14:06:05+00:00 )
Ноябр 02, 2020 19:06 Asia/Dushanbe
  • Бозгашти рактори Арок ба шароити қабл аз БАРҶОМ аз муҳимтарин бахшҳои ин мусавваба аст
    Бозгашти рактори Арок ба шароити қабл аз БАРҶОМ аз муҳимтарин бахшҳои ин мусавваба аст

Намояндагони Маҷлиси Шурои исломии Эрони тарҳи «иқдоми роҳбурдӣ барои бекор кардани таҳримҳо»-ро тасвиб карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо,  намояндагони Маҷлиси Шурои исломии Эрон дар ҷаласаи алании имрӯз ( душанбе ) як фаврияти тарҳ « иқдоми роҳбурдӣ барои бекор кардани таҳримҳо»-ро бо 196 овози мувофиқ тасвиб карданд.

Бар асоси яке аз муҳимтарин бахшҳои ин мусавваба, Созмони энержии атомии Эрон муваззаф аст дар муддати ду моҳ пас аз тасвиби ин қонун, солона ба мизони ҳаддиақал 120 килограм  ораниюм бо ғанои 20 дарсадро дар таъсисоти атомии Фурду тавлид ва дар дохили кишвар захира кунад.

Дар банди дигаре Созмони энержии атомии Эрон мукаллаф шудааст пас аз тасвиби ин қонун, зарфияти ғанисозӣ ва тавлиди  ораниюми ғанисозишуда барои масрафҳои сулҳомезро ба мизони моҳона ҳаддиақал 500 килограм афзоиш диҳад.

Ҳамчунин бозгашти рактори 40 мегаваттии оби сангини Арок ба шароити қабл аз БАРҶОМ  дар даврае чаҳормоҳа аз дигар бахшҳои ин мусавваба аст.

Намояндагони Маҷлиси Эрон бо ин мусавваба давлати ин кишварро муваззаф кардаанд бар асоси бандҳои 36 ва 37-и  БАРҶОМ дастрасии созмонҳои назоратии байналмиллалиро, ки фаротар аз протоколи илҳоқӣ ва бар асоси БАРҶОМ таъйин шудааст дар муддати ду моҳ бекор кунанд.

Ҳамчунин муқарар шудааст пас аз 3 моҳ аз тасвиби ин қонун, агар равобити бонкии Эрон дар Аврупо ва мизони хариди нафти Эрон аз сӯи аврупоиҳо ба шароити оддӣ ва ризоятбахш бознагашта бошад, давлати Эрон мукаллаф аст иҷрои довталабонаи протоколи илҳоқиро мутаваққиф кунад.

Аз сӯи дигар пас аз 3 моҳ аз тасвиби ин қонун дар сурати бозгашти тарафҳои муқобили БАРҶОМ ба иҷрои таъаҳҳудоти худ давлати Эрон ҳам мукаллаф аст пешниҳоди бозгашти мутақобили Эрон ба таъаҳҳудоти БАРҶОМ-ро ба маҷлис ироа кунад.

Бештар бихонед:

 

Барчасп