Рӯнамоӣ аз тирбори мушакии Сипоҳи посдорон + филм
(last modified Wed, 04 Nov 2020 16:18:46 GMT )
Ноябр 04, 2020 21:18 Asia/Dushanbe

Системаи автоматӣ ва зеҳнии партоби мушакҳои баллистикии пай дар паи нерӯи ҳавоии Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ намоиш дода шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории садо ва симо: генерал-майёр "Ҳусейни Саломӣ " фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорон имрӯз ( чаҳоршанбе ) дар оини рӯнамоӣ аз сомонаи партоби пай дар пайи мушакҳои болистикии дурбурди сипоҳи мавсум ба тирбори мушакӣ гуфт: ин дастоварди ҷадид дорои қобилияти партоби ҳамзамон ё пай дар пайи мушак бо фосилаҳои замонии дилхоҳ аст, ки ин гуна партобҳо аз лиҳози амалиётӣ ва тактикӣ арзиши  зиёде дорад.

Генерал Саломӣ нерӯи мушакии Ҷумҳурии Исломии Эронро натиҷаи иродаи мардуми Эрон тавсиф кард ва афзуд: "Мушакҳои эронӣ ҳангоми парвоз ҷасади душманро ба ларза меоранд."

 

Фармондиҳи кулли сипоҳи посдорон бо ишора ба хабосатҳо ва тавтеаҳои душманон алайҳи инқилоби исломӣ ва миллати Эрон ва зарурати омодагӣ дар баробари таҳдидот, хитоб ба фармондеҳон ва размандагони нерӯи ҳавофазоии сипоҳ таъкид кард: «дастҳои шумо бояд ҳамвора рӯи моша бошад; зеро душманон гоҳе бар табли таҳдид мекӯбанд ва бояд тасаллути фаннӣ, текникӣ, тактикӣ, амалиётӣ ва стратегияи низомро ба онон собит ва ононро ба лиҳози равонӣ маҳор кард. »
   
 Бештар бихонед :