Дархости Гурӯҳи 77 ва Чин барои лағви таҳримҳои якҷониба алайҳи Эрон
Амрико пас аз хурӯҷ аз БарҶом дар майи 2018 дар чорчӯби сиёсати фишори ҳаддиаксарӣ, эъмол ва ташдиди бесобиқатарин таҳримҳо дар тӯли таърих алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эронро маддиназар қарор дода ва ба рағми ҳамагирии корона дар Эрон бар тадовуми ин таҳримҳои ғайриинсонӣ таъкид мекунад. Бо ин ҳол дар хостҳои байналмилалӣ барои лағви таҳримҳои якҷонибаи Амрико рӯ ба афзоиш аст.
Чин ва Гурӯҳи 77 дар баёнияе таҳримҳои якҷонибаи иқтисодӣ алайҳи Эронро дорои асароти манфӣ бар мардум дониста ва хостори рафъи он шуданд. Вазирони хориҷаи Чин ва Гурӯҳи 77 дар баёнияи поёнии 44-умин нишасти солонаи худ, баёнияеро мунташир карданд, ки дар бахше аз он ба Эрон ва БарҶом ишора шудааст.
Дар ин баёния тасреҳ шуда: «вазирон бори дигар бар радди таҳримҳои якҷонибаи иқтисодии вазъ шуда алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки рӯй рифоҳ ва тавсеъаи мардуми Эрон асароти манфӣ дорад, таъкид карданд ва дар ин замина хостори рафъи фаврии он таҳримҳо шуданд.»
Бо тавваҷӯҳ ба аҳамияти Гурӯҳи 77 ва Чин ба далели шумори зиёди кишварҳои узви ин гурӯҳ, метавон баёнияи ахири онро ба масобеҳи хостаи ҷаҳонӣ барои лағви таҳримҳои якҷониба ва золимонаи Амрико алайҳи Эрон донист. Токунӯн дар чандин навбат кишварҳои мухталиф дархости мушобеҳеро матраҳ кардаанд.
Аз ҷумла дар авохири марти 2020, 8 кишвар Русия, Чин, Сурия, Кубо, Никарагуа, Кореяи Шимолӣ, Венесуэла ва Эрон номаи муштаракеро ба Антониу Гутерриш, дабири кулли СММ ирсол карда ва аз ӯ хостанд, ки хоҳони рафъи таҳримҳои якҷонибаи Амрико алайҳи Эрон шавад, ки монеъи мубориза бо ҳамагирии корона дар Эрон шудааст.
Ин хоста ҳатто дар дохили Амрико низ матраҳ шудааст. Баъд аз интиқодоти мақомоти эронӣ ва байналмилалӣ аз таъсири манфии таҳримҳои Иёлоти Муттаҳида бар тавоноии Эрон барои муқобила бо вируси корона, беш аз 30 нафар аз аъзои Конгресси Амрико хостори коҳиши таҳримҳо алайҳи Теҳрон шуданд.
Қонунгузорони амрикоӣ дар ин нома зимни дархост барои таълиқи таҳримҳои Эрон ба далели густариши вируси корона, навиштанд: «доман задан ба вахимтар шудани ин буҳрон дар Эрон, на танҳо мардуми Эрон, балки мардуми Амрико ва ҷаҳонро низ таҳдид мекунад».
Нависандагони ин нома бо бемавқеъ ва номуносиб донистани сиёсати фишори ҳаддиаксарии давлати Трамп алайҳи Эрон бо тавваҷӯҳ ба ҳамагирии корона, хоҳони коҳиши таҳримҳои бахшҳои бузурги иқтисодии Эрон, аз ҷумла бахшҳои муассир бар саноати ғайринизомӣ, низоми бонкии Эрон ва содироти нафт ва тадовуми ин амр то замоне шуданд, ки мутахассисони дармонӣ муътақид ба тадовуми буҳрони куруно ҳастанд.
25 созмони амрикоӣ низ дар номае ба Доналд Трамп ва низ вазирони хориҷа ва хазонадории Амрико, аз Вашингтон хостанд бо тавваҷуҳ ба густариши корона, сиёсатҳои худро дар қиболи Эрон мавриди арзёбии муҷаддад қарор диҳанд.
Бо вуҷуди ин дархостҳо, давлати Трамп дар ростои аҳдофи хасмонаи худ алайҳи Эрон ва бо ҳадафи тазъифи иқтисоди Эрон, бар тадовуми ҷанги иқтисодии густарда аз тариқи эъмоли бесобиқатарин таҳримҳо дар тӯли таърих пофишорӣ мекунад. Дар айни ҳол Вашингтон бо иҷрои таҳримҳои сонавия талош мекунад то кишварҳо ва ширкатҳои хориҷиро водор ба табаият аз таҳримҳои зидди эронӣ намояд.
Давлати Трамп ба рағми вазъияти фавқулъодаи кунӯнӣ бо тавваҷуҳ ба ҳамагирии корона ва афзоиши қобили тавваҷуҳи шумори қурбониёни он дар Эрон, ҳамчунон ба эъмоли анвои маҳдӯдиятҳо ва таҳримҳо алайҳи Эрон идома медиҳад.
Рӯйкарди ғайриинсонии Вашингтон дар заминаи дастрасӣ ба ақлом ва таҷҳизоти зарурӣ барои мубориза бо корона амалан мӯҷиб шуда то акнӯн мавзӯи фишори ҳаддиаксарии Амрико ба низоми дармонии Эрон матраҳ шавад.
Саймон Тисдал, коршиноси сиёсӣ дар ёддоште дар нашрия « Guardian» навишт: «агарчӣ фишори таҳримҳо бар кишварҳое монанди Эрон ва Венесуэла сабаби бурӯзи душвориҳои бузурге барои онон мешавад, аммо мутмаинан Амрико ба ҳадафаш нахоҳад расид, дар воқеъ эъмол ва иҷрои таҳрим дар миёнаи густариши бемории корона, хатароти стротежик, сиёсӣ ва ахлоқӣ ва албатта беназмиро ба дунбол хоҳад дошт.»
БЕШТАР БИХОНЕД: