Эрон ҳодисаи террористии Бомиёни Афғонистонро маҳкум кард
-
Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон ба хонаводаи қурбониёни ҳамлаи террористии Бамиён дар Афғонистон изҳори тасаллият кард
Вазорати умури хориҷаи Эрон ҳодисаи террористӣ дар шаҳри Бомиёни Афғонистонро маҳкум кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Саид Хатибзода сухангӯии Вазорати умури хориҷаи Эрон рӯзи чаҳоршанбе ҳодисаи террористии рӯзи гузашта дар шаҳри Бомиёни Афғонистонро, ки мунҷар ба кушта ва захмӣ шудани даҳҳо ғайринизомӣ, аз ҷумла занону кӯдакони бегуноҳ шуд маҳкум ва ба давлат ва миллати Афғонистон ибрози ҳамдардӣ кард.
Мақомоти маҳаллӣ дар вилояти Бомиёни Афғонистон шомгоҳи сешанбе эълом карданд бар асари ду инфиҷор дар шаҳри Бомиёни маркази н вилоят 17 нафар кушта ва 50 нафар низ захмӣ шуданд.
Токунун ҳеч гурӯҳ ва ё шахсе масъулияти ин инфиҷорҳоро бар ӯҳдаи нагирифтааст.
Бомиён яке аз амнтарин вилоятҳои Афғонистон буд, ки камтарини ҳодисаи террористӣ дар он рӯй додааст.
Бо назардошти ҷозибаҳои табиӣ ва таърихии худ, аз ҷумла муҷассамаҳои Буддо, вилоят ҳар сол ҳазорҳо сайёҳони дохилӣ ва хориҷиро қабул мекард.
Бештар бихонед: