Ноябр 27, 2020 18:12 Asia/Dushanbe
  • филмҳои эронӣ барандаи ҷашнвораи ИДФА
    филмҳои эронӣ барандаи ҷашнвораи ИДФА

Ҷашнвораи байналмилалии мустанади Амстердам (ИДФА), ҷоизаи беҳтарин филми мустанади баланд ва беҳтарин мустанади кӯдаконро ба филмсозони эронӣ эҳдо кард.

Дар маросими муаррифии барандагони ҷоизаи ИДФА - 2020 филми эронии “Радиографияи як хонавода” тавонист ҷоизаи беҳтарин филми баланд ва ҷоизаи Садову тасвирро барои беҳтарин истифода аз архив аз они худ кунад.

Ҳамчунин ҷоизаи беҳтарин филми бахши кӯдакону мустанад низ ба “Шодгон” сохтаи Оку Солимӣ расид.

Ин ҷашнвора, ки ба сурати он-лайн дар ҳоли баргузорӣ аст, то 6 декабр идома дорад.