Истиқболи Эрон аз ибтикори миёнҷигарии Покистон барои танишзудоӣ дар минтақа
Сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Исломобод бо истиқбол аз ибтикори миёнҷигарии давлати Покистон барои танишзудоӣ дар минтақа, аз омодагии Теҳрон барои саъйи муштарак бо ҳадафи рафъи сӯитафоҳумот хабар дод.
Сайид Муҳаммадалии Ҳусайнӣ, сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Исломобод дар гуфтугӯ бо шабакаи телевизиюнии «24» Покистон, ки рӯзи ҷумъа мунташир шуд, хотирнишон кард: “Эрон ибтикори миёнҷигарии Исломобод барои кумак ба танишзудоӣ миёни Теҳрон ва Риёзро пазируфт ва аз ин талоши минтақаӣ тавассути Имрон Хон, нахуствазири Покистон тамҷид мекунад”.
Ҳусайнӣ бо баёни ин ки Исломобод посухи муносибе аз тарафи арабистонӣ дарёфт накардааст, афзуд: “Ҷумҳурии исломии Эрон ба дунболи роҳкорҳои муносиб барои рафъи сӯитафоҳумҳо аст ва тарҳи сулҳи Ҳурмуз аз сӯи раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ба ҳамин манзур ба кишварҳои минтақаи халиҷи Форс ироа шудааст.
Сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар идома дар хусуси равобити Теҳрон ва Исломобод ва таъкид бар рӯ ба рушд будани ин муносибот дар солҳои ахир гуфт, мақомҳои баландпояи Эрону Покистон иродаи ҷиддӣ барои тақвияти ҳарчӣ бештари равобити дуҷониба доранд.
Ҳусайнӣ ёдовар шуд, бархе аз тарафҳо наметавонанд шоҳиди рушди равобити Покистону Эрон бошанд, ба ҳамин далел даст ба ҳимояту пуштибонӣ аз аносури террористӣ ва гурӯҳҳои ҷудоиталаб мезананд, ки таҳдиде муштарак барои Теҳрону Исломобод маҳсуб мешаванд.
Сафири Эрон дар Покистон ҳамчунин бо таъкид бар ин ки бо талоши раҳбарони ду кишвар метавон мушкилоту мавонеъ дар масири тавсеаи равобиту ҳамкориҳоро бартараф кард, афзуд: Бистуякумин камиссиюни муштараки иқтисодии Эрону Покистон ва кумитаи муштараки тиҷорати марзӣ дар ояндаи наздик баргузор мешавад.
Бештар бихонед: