Шаҳид Муҳсин Фахризода кӣ буд ва чӣ кард? + филм
Шаҳид Фахризода устоди физикаи донишгоҳи Имом Ҳусайн (а) -и Теҳрон ва донишманди аршади Вазорати дифоъ ва пуштибонии нерӯҳои мусаллаҳи Эрон буд, ки расонаҳои ғарбӣ лақаби "падари барномаи атомӣ ва ҳофизи бузургтарин асрори ҳастаии Эрон" -ро ба ӯ дода буданд.
Дар ин филм Амири Ҳотамӣ, вазири дифои Эрон шаҳид Муҳсини Фахризодаро бештар муаррифӣ мекунад.
Номи шаҳид Фахризода ҳамчунин дар феҳристи панҷ шахсияти эронӣ қарор дорад, ки дар листи 500 нафараи қудратмандтарин афроди ҷаҳон аз сӯи нашрияи амрикоии "Форен полиси" мунташир шудааст.
Яке дигар аз муҳимтарин тарҳҳое, ки ба ҳиммати шаҳид Фахризода ва гурӯҳаш ба натиҷа расид, тавлиди аввалин кити эронии ташхиси корона буд, ки ҳамакнун дар бемористонҳои Эрон истифода мешавад.
Бештар бихонед: