Ноябр 29, 2020 19:51 Asia/Dushanbe
  • Ибрози ҳамдардии Уммон ба давлат ва мардуми Эрон
    Ибрози ҳамдардии Уммон ба давлат ва мардуми Эрон

Вазири умури хориҷаи Уммон, дар паи ҳамлаи террористӣ ва шаҳодати Муҳсин Фахризода ба давлат ва мардуми Эрон ибрози ҳамдардӣ кард.

Аносири террористии мусаллаҳ, ҷумъаи гузашта мошини ҳомили раиси созмони пажуҳиш ва навоварии Вазорати Мудофиаи Эрон ва донишманди саноати ҳастаии кишвар "Муҳсин Фахризода" -ро мавриди ҳамла қарор дода ва вайро ба шаҳодат расонданд.

Ба гузориши рӯзи якшанбеи идораи кулли иттилорасонӣ ва умури сухангӯии Вазорати умури хориҷа, вазири умури хориҷаи Уммон Бадр бин Ҳамд Ал-Бусаъидӣ дар гуфтугӯи телефонӣ ба вазири умури хориҷаи Эрон Муҳаммадҷавод Зариф ин иқдоми террористиро маҳкум кард.

Бусаъидӣ дар ин гуфтугӯ бо тасаллият ба давлат ва мардуми Эрон, терроризм дар ҳар шакли онро рад карда ва ғайри қобили қабул донист.

Шайх Муҳаммад Бин Абдураҳмон Ол-Сонӣ муовини нахуствазир ва вазири умури хориҷаи Қатар низ шаби гузашта дар гуфтугӯи телефонӣ бо Зариф зимни маҳкум кардани ин иқдоми террористӣ, маротиби тасаллияти худ ва давлати Қатарро ба вазири умури хориҷаи Эрон эълон кард.

Вазири умури хориҷаи Сурия Файсал Миқдод ва раиси дафтари сиёсии Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳаммос) Исмоил Ҳания ҳам дар гуфтугӯҳои телефонии ҷудогона бо вазири умури хориҷаи Эрон, бо маҳкум кардани иқдоми террористӣ ҳадаф қарор додани шаҳид Фахризода,маротиби тасаллият ва ҳамдардии худро ба давлату миллати Эрон эълом карданд.

Токунун бисёре аз кишварҳо, аз ҷумла Россия, Венесуэлла, Африкаи ҷанубӣ ва Туркия ҳам террори донишманди ҳастаии Эрон  Муҳсин Фахризодаро маҳкум карданд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп