Ҷон бохтани 371 бемори Ковид - 19 дар Эрон
Сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз фавти 371 нафари дигар дар ин кишвар бар асари бемории Ковид - 19 хабар дод.
Симо Содот Лорӣ рӯзи душанбе дар бораи охирин омори беморони Ковид -19 дар Эрон ба хабарнигорон гуфт: “Бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, 13 ҳазору 321 бемори ҷадиди Ковид -19 дар кишвар шиносоӣ шуд, ки аз ин теъдод 2 ҳазору 277 нафар бистарӣ шуданд ва ба бақияи беморон низ хадамоти мавриди ниёзашон расонида шуд”.
Сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон афзуд: “Муттаассифона, дар 24 соати гузашта 371 нафар аз беморони Ковид -19 ҷони худро аз даст доданду маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ дар кишвар ба 48 ҳазору 246 нафар расидааст”.
Лорӣ ҳамчунин гуфт: “Маҷмӯи беморони Ковид - 19 дар Эрон ба 962 ҳазору 70 нафар расидааст, ки то кунун 668 ҳазору 151 нафар аз онон беҳбуд ёфтаву аз бемористонҳо мурраххас шудаанд”.
Теъдоди афроди гирифтори вируси корона дар ҷаҳон низ ба беш аз 63 миллиону 152 ҳазор нафар расидааст, ки аз ин теъдод дастикам як миллиону 466 ҳазор нафар ҷони худро аз даст дода ва беш аз 43 миллион нафар беҳбуд ёфтаанд.
Бештар бихонед: